БИДУНИ ОГОҲӢ: БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №55 ШАҲРИ ВАҲДАТ

15-03-2022
Бо мақсади шиносоӣ аз вазъи таълиму тарбия, ҳолати физикии муассисаи таълимӣ, проблемаву мушкилоти муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар субҳи имрӯз вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 шаҳри Ваҳдат ташриф овард.
Ҳангоми шиносоӣ вазири маориф ва илм ба синфҳои 1, 3, 10 ва 11 ворид гардида, бо хонандагон суҳбати озод доир намуд. Ҳамзамон, хонандагон дар бораи муқаддасоти миллӣ, Президенти кишвар, Модар ва баҳору Наврӯз шеърҳо қироат намуда, ба саволҳои пешниҳоднамудаи вазир посух доданд.  
Инчунин, вазир зимни суҳбат бо хонандагони синфҳои 10-11 хонандагонро ба омӯзиши забонҳои русию англисӣ, фанҳои дақиқ ва табиию риёзӣ ва интихоби бошууронаи касб ҳидоят намуда, дархост ба амал овард, ки баъд аз хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамчун мутахассисони соҳибкасб ба халқу Ватан хизмати содиқона намоянд. Ҳамзамон, дар рафти суҳбат маълум гардид, ки тамоми хонандагони синфҳои 11-и муассисаи мазкур дар Маркази миллии тестӣ аз қайд гузаштаанд.   
Сипас, вазир Р.Саидзода баъд аз боздид аз синфхонаҳо ва шиносоӣ пайдо намудан бо ҳолати физикии муассиса дар ҳузури муовини соҳавии раиси шаҳри Ваҳдат М.Каримзода ва сардори раёсати маориф Қ. Давлатзода бо омӯзгорони муассисаи таълимии мазкур суҳбат доир намуд. Зимни суҳбат вазири маориф ва илм таъкид кард, ки мақсад аз ташриф ба муассиса ва суҳбати имрӯза огоҳ шудан аз вазъи соҳа, аз забони омӯзгорон шунидани проблемаву мушкилоти ҷойдошта, муайян намудани роҳҳои баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва дар ин замина, ҷиҳати рушди соҳа шунидани таклифу пешниҳодҳо аст.
Омӯзгорони муассисаи таълимии мазкур дар навбати худ доир ба норасоии китобҳои дарсӣ, омӯзгори фанни забони англисӣ, таъмирталаб будани муассиса, фуруши белетҳои киною театр ва китобҳои гуногун, санҷишҳои ғайрисоҳавию ғайринақшавӣ ва ғайра таклифу пешниҳодҳо манзур намуданд. 
Вазири маориф ва илм аз муовини раиси шаҳр ва сардори раёсати маориф дархост ба амал овард, ки ҷиҳати аз таъмири капиталӣ баровардани муассиса, аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъмин намудани муассиса бо омӯзгори фанни забони англисӣ, дар ҳамкорӣ бо Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии вазорат таъмин намудани хонандагон бо китобҳои  дарсӣ, манъи фурӯши ҳамагуна китобҳои ғайрисоҳавӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ҷалб нагардидани омӯзгорон ба ҷамъоварии маблағ барои фурӯши билетҳои киною театр ва амсоли инҳо чораҳои дахлдор андешанд.
Дар охир, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Саидзода 
омӯзгоронро ба муносибати ҷашни Нарӯзи байналмилалӣ такбрик намуда, барои давомоти хуби хонандагон дар дарсҳо ва фаъолияти самаранок дар самти таълиму тарбия изҳори ташаккур намуд. Ҳамзамон, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот, тарбияи хонандагон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, масъулиятшинос будан, ҷалби хонандагон ба омӯзиши забонҳои русию англисӣ, фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва истифодаи технологияи муосир таъкид намуд.
Барои меҳнати содиқона, таълиму тарбияи насли наврас ва дастоварди хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо ду нафар омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 шаҳри Ваҳдат (омӯзгори фанни физика Ибрагимов Исмоил ва омӯзгори фанни забони русӣ Раҳимова Кибриё) бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” қадрдонӣ гардиданд. Дар ин росто, ба сардори раёсати маорифи шаҳр дастур дода шуд, ки ҳуҷҷатҳои омӯзгорон дар кутоҳтарин муҳлат ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод гардида, мукофотҳои мазкур дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯз ба омӯзгорон тақдим карда шавад.
Бояд зикр кард, ки муассиса аз 3 бинои таълимӣ иборат буда, солҳои 1919, 1929 ва 1971 сохта шуда, айни замон 1241 хонанда дар 2 баст ба таълим фаро гирифта шудааст. Дар муассиса 46 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул аст, ки аз онҳо 42 нафар бо таҳсилоти олӣ, 2 нафар бо таҳсилоти олии нопурра ва 2 нафар бо таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд.