БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №7-И НОҲИЯИ ЛАХШ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

06-01-2024
Дар ноҳияи Лахш бинои иловагии мауассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 барои 288 нафар хонанда дар ду баст ба истифода дода шуд. Бинои иловагии муассиса аз 7 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла 1 синфхонаи компютерӣ, 6 синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраи кории директор ва хонаи муаллимон иборат буда, синфхонаҳо бо таҷҳизотҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Ҳамзамон, дар қитъаи замини ҷудогардида буғхона, анбор барои нигоҳдории сузишворӣ, корҳои ободонию кабутизоркунӣ ва маҳкам намудани гирду атрофи иншоот иҷро гардида, муассисаи таълимӣ бо системаи гармидиҳӣ таъмин карда шудааст.
Қобили қайд аст, ки фармоишгари иншооти мазкур Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонӣ аз тарафи ҶДММ “Меъмори Тавилдара” иҷро гардидааст.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон