БИНОИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №22-И ДЕҲАИ БӮСТОНИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

05-11-2021
5-уми ноябри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия бо иштироки Зокирзода Маҳмадтоир Зоир - раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадюсуф Имомзода – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фақирзода Қадриддин -раиси ноҳияи Тоҷикобод, Нуралӣ Собирзода-муовини вазири маориф ва илм, Дилшод Сафарзода-сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илм бинои муассисаи таълимии №22-и деҳаи Бӯстони ноҳияи Тоҷикобод ба истифода дода шуд.
Сохтмони бинои таълимии мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи Протоколи ҷаласаи сайёри Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода доир ба барқарорсозии хонаҳои дар натиҷаи аз офатҳои табии харобгардида дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод аз 28.07.2021, №2к/47-31 ба нақша гирифта шудааст.
Муассиса барои 144 нафар хонанда пешбинӣ гардида, лоиҳаи иншоот аз як ошёна иборат буда, дар он 6 синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраи кории директор ва хонаи муаллимон тарҳрезӣ гардидааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи августи соли 2021 оѓоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳтарин ба анҷом расонида шуд. Айни замон, дар иншоот корҳо ба пуррагӣ ба анҷом расида, бинои муассисаи таълимӣ бо таҷҳизотҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ҳамзамон, дар қитъаи замини ҷудогардида ҳоҷатхона ва дигар иншоотҳои ёрирасон тибқи лоиҳаи таҳиягардида сохта шудааст.
Сохтмони бинои муассисаи таълимӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шуда, фармоишгари иншоот раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶСК “ПИЛҶ САНИИОСП” таҳия гардида, корҳои сохтмонӣ аз тарафи ҶДММ “Фараҳноз” иҷро гардидаанд.
Қобили қайд аст, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 ноҳияи Тоҷикобод 229 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 16 нафар омӯзгор фаъолият менамояд.
Бояд ёдовар шуд, ки 21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Тоҷикобод таъкид доштанд, ки бинои муассисаи таълимии мазкур то охири сол сохта ба истифода дода шуда, хонандагон бо ҷойи нишаст таъмин карда шаванд.