БИНОҲОИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ТИБҚИ ТАЛАБОТИ МЕЪЁРҲОИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ СОХТА МЕШАВАНД

13-05-2024
13 майи соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода ва меъмори ҷопонӣ Такахару Тэдзуки семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Дилшод Сафарзода,  муовини вазири маориф ва илм оғоз гардид. Муовини вазири маориф ва илм қайд намуд, ки вохӯрии имрӯза дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо миёни шарикони рушд, аз ҷумла Бонки Умумиҷаҳонӣ ва ширкатҳои сохтмонӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт. Чорабинии имрӯза маҳз ба хотири омӯзиши таҷрибаи меъмор Такахару Тэдзуки, ки соли 1994 бо ҳамсараш Юи Тедзуки дар Токио ширкати меъмории “Тэдзуки”-ро таъсис додааст ва дар фаъолияти кориаш соҳиби ҷоизаҳои байналмилалӣ гардидааст, баргузор мегардад.
Сипас, Музаффарзода Бадриддин ҳамоҳангсози лоиҳаи “Муҳити таълим - асоси таҳсилоти босифат” суханронӣ намуд. Мавсуф иброз дошт, ки қисмати дуюми лоиҳаи мазкур ҷиҳати баланд бардоштани сифат ва устувории муҳити таълим ва таҳсил, таҳкими инфрасохтори мактабҳои алоҳида мутобиқи сохтори миллии  қолабӣ, аз ҷумла, баланд бардоштани дастрасӣ барои хонандагони дорои имконияташон маҳдуд ва беҳтар намудани иншооти обтаъминкунӣ, гигиенӣ ва беҳдошт дар назар дошта шудааст. 
  Дар идома Такахару Тэдзукӣ меъмори ҷопонӣ баромад намуд ва қайд намуд, ки боварии комил дорам, ки чорабинии мазкур таҷрибаи хубе дар рушди инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ мегардад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон