Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем

06-12-2018
Яке аз масъалаҳои доғи ҷаҳони имрӯза, ки хеле печидаву мураккаб гаштааст, экстремизм ва терроризм мебошад. Экстремизм вожаи  итолиявӣ («eхtrеmus») мебошад ва баъдан дар забони фаронсавӣ бо шакли «ехtrеmismе» қабул шуда, маънои ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳои ботил ва аз ҳудуди инсонӣ гузаштанро ифода менамояд. 
Терроризм бошад, падидаи номатлуб ва мураккабест, ки хоси як дину оин ва мазҳабу  миллат набуда,  аз ҷиҳати    сиёсӣ ва иҷтимоӣ  аз дидгоҳи таърихию фарҳангӣ зуҳуроти мураккаб ва саргумеро мемонад, ки ҷуз нафрат ба ин падида чизи дигареро наметавон дар дил парварид. Дар дарозои таърих ин зуҳурот дар  миёни пайравони динҳои гуногуни яҳудӣ, насронӣ, ислом, ҳиндуизм, буддоӣ  ва ҳатто қабилаҳои ваҳшитабор ҳам арзи ҳастӣ намуда, доманаи хусумату бадбиниҳоро доман задааст.  
Экстремисту террорист шахсест, ки барои ӯ муқаддасот, арзишҳои миллӣ, гуманизм, зебоӣ ва маданияту санъат ва хираду дониш арзише надоранд. Истилоҳи манқурт, ки 30 сол муқаддам нависандаи бузурги қирғиз Чингиз Айтматов дар асарҳояш мавриди истифода қарор дода буд, хоси ҳамин ҷавонони фирефташуда мебошад, ки аз куштани падару модар ва бародари худ ҳам рӯ намегардонанд. Омили асосии ба ифротгароӣ майл намудани шахс  ҷоҳилӣ, бедонишӣ, бемаърифатӣ ва тақлидкории ӯ аз  амалҳои ғайриинсонӣ мебошад.  Маҳз дар кишварҳое, ки бештар аз 40-50 фоизи кӯдакони синни мактабии онҳо ба таҳсил ҷалб намешаванд ва дар доираи  муассисаҳои таълимии онҳо  чанд муллои мутаасиб ва фурӯхташуда ба ҷойи дониш додан кӯдакону ҷавононро ба  ҷиҳоди дурӯғини  бофтаи хоҷаҳои хориҷии худ талқин менамоянд,  терроризм реша давонида,  манбаи ҷабру озор ва куштори мардуми бегуноҳ  гардидаанд. 
Аз ҳама  нанговараш ин аст, ки ин падидаи номатлуб  дар доираҳои   ҷосусии кишварҳои манфиатдор ва лухтаккишварҳои исломии  бозичаи дасти ин кишварҳо   бо номи террористи исломӣ, экстремистӣ - динӣ ва ғайра  ёд шуда, баъдан бо омода намудани ҳамин гуна террористону экстремистон дар кишварҳои исломӣ вожаи  экстремисти исломӣ ва динӣ ба  мардуми  мусулмон часпонида мешавад ва маҳз бенизомиҳо ҳам дар кишварҳои бештари мардумашон мусулмон бо дасти ҳамин афроди бегонапарасту   нохудогоҳ рӯи кор меоянд. 
Дар ҷодаи пешгирӣ аз ифротгароӣ, терроризм ва хушанатафканӣ миёни ҷомеа дар ҷаҳони имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бузург дар  пешниҳоди  идеяҳои олӣ ҷиҳати оромии вазъи ҷомеа беинтиҳо метавон арзёбӣ намуд. Сарвари давлат дар ҳамаи баромадҳояшон дар дохил ва хориҷи кишвар  нисбат ба масъалаи мазкур  дахл карда, барои дар муқобили қувваҳои тахрибкору  террорист  мубориза бурдани ҷомеаи ҷаҳониро амали бузурги инсонӣ барои раҳоӣ аз хатари  терроризм  унвон намуданд. Аз ҷумла, дар вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигии кишвар, ки рӯзи 14 майи соли 2018  доир гардид, таъкид карданд, ки тамоми сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ бояд ҷиҳати  мубориза бурдан ба вабо ва тарбия намудани насли наврасу ҷавон аз тамоми имкониятҳо истифода баранд.  
Аз ҳама бадбахтияш ин аст, ки ба ин амали шуму тахрибкорӣ кӯдаконро низ ҷалб намуда,  аз хондан ва савод омӯхтан, ки асоси назарияи ҳамаи дину оин ва  равияву ҷараёнҳои  инсонпарварӣ  мебошанд, маҳрум месозанд. Дар ҳамаи он кишварҳои исломие, ки ин тоифаи ҷаллоду хунхор тарбия карда мешаванд, (махсусан Покистон) аз 40 то 50 фоизи кӯдакони синни мактабӣ аз гирифтани хату савод ва мактаб рафтан маҳруманд.  Чун яке аз омили  манқуртсозӣ дар асри ҳозир бемактабӣ ва бесаводии ҳамин ҷавонон буда, аз онҳо сохтани  роботҳо ва манқуртҳо  ҳеҷ мушкиле надорад.  
Мутаассифона, дар ин гурӯҳу ҷараёнҳо ҷавонони фиребхӯрдаи тоҷик ҳам ҳастанд, ки аз бесаводию бехирадӣ, тарбияи суст ва дарк накардани марому мақсади ин гурӯҳҳо шомили онҳо шуда, қисмате аз онҳо қурбон  ва иддае дигар  ғуломи дасти ҷаллодони ин равияву ҷараёнҳо гардида, дар зиндагӣ роҳгум задаанд.   
 Дар айни замон, усул ва методи  даҳшатафкании гурӯҳҳои террористӣ  дигар ва шаклҳои мубориза бар зидди  мардуми солимфикр тағйир дода шудааст. Онҳо аз усули гурги  танҳо (одинокый волк), ки дар ғафлат мондани мардум ва бехабар ҳамла намудан иборат аст, истифода  ва тахриб намудан, интиҳорӣ намудан, аз байн бурдани  мардумро ба роҳ мемонанд.  Махсусан, ҳуҷум бо корду диравш, воситаи нақлиёт ва ё оҳану  метали буррандаи тез ба одамон  дар ду соли охир дар кишварҳои гуногун  аз шеваҳои навини онҳост. 
Яке аз гурӯҳҳои тахрибкору  террористӣ ин равияи Салафия мебошад, ки дар шакли либоспӯшӣ, мондани ришу мӯйи сар, суханронию миёни мардум  нишон додани худ ва  тарзи  ибодат намудан дар чанд соли охир  дар Тоҷикистон пайдо ва тарғибу ташвиқи тахрибкориро доман задан мехостанд.
Тибқи пешниҳод ва хулосаи коршиносон онҳо бо ақидаҳои  зерин хусумату бадбиниҳоро дар кишвар ҷорӣ ва нооромию суботро дар ҷомеа роҳандозӣ намудан мехостанд: 
- оштинопазирӣ нисбат ба дигар мазҳабҳо, тарғиби зӯроварӣ нисбат ба онҳое, ки аз мазҳаби салафиён розӣ нестанд;
- ба ҷои аввал гузоштани ғояи ҷиҳод, ҳамчун аслиҳаи мубориза бар зидди ҳама гуна равияҳое, ки ба таълимоти салафиҳо мухолиф мебошанд;
- ҷаҳду талош баҳри нобудсозии системаҳои дигари идеологӣ ва диниву мазҳабӣ, бо мақсади барқарор намудани ҳукмронии (хилофат)-и ягонаи ҷаҳонӣ;
- фаъолона истифода бурдани шаклҳои муташаккили фаъолияти сиёсию иҷтимоӣ, тарзу усулҳои муборизаи равонӣ;
- тақсим намудани ҷомеа ба «мусулмонон» ва «кофирон», муқобил гузоштани мусулмонон бо ғайримусулмонон (мусулмонони «ҳақиқӣ», ба ақидаи онҳо танҳо пайравони салафия ҳисобида мешаванд). 
 Бо қарори Суди Олии Тоҷикистон мамнуъ эълон шудани равияи мазкур  таъмин шуда бошад ҳам, вале  дар либоси дигар пайдо шудани онҳоро  метавон  мушоҳида намуд. Зери назорати доимии мардум қарор гирифтани ин афрод ва  маҳдуд намудани имконияти таблиғотии онҳо  вазифаи  олии ҳар як сокини кишвар мебошад.
Махсусан ҷиҳати пешгирии ба доми ин даллаҳо наафтидани   кӯдакону наврасон, ҷавонон ва онҳое, ки дар ягон ҷой кору фаъолият наменамоянд, муассисаҳои таълимӣ, кумитаҳои падару модарон, фаъолони маҳалла ва деҳот, ходимони дин, зиёиён ва оилаҳо бояд дар ҳамкорӣ фаъолият намуда, бо дарки масъулияти баланд ҷиҳати кушодани  марому мақсади ин гурӯҳҳо кор баранд.  Махсусан бо ҷавононе, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба  Федератсияи Россия  мераванд,    падару модарон, аҳли ҷамоатчигии маҳал ва  омӯзгорон бояд  суҳбат ороста марому мақсади ин равияву ҷараёнҳо ва оқибатҳои нанговари бо онҳо пайвастанро фаҳмонанд.   
Шикаст хурдани  ДОИШ дар  Сурия ва Ироқ  ва интиқол ёфтани теъдоде аз ин гурӯҳҳои ҷинояткор ба Ҷумҳурии Афғонистон падидаҳои номатлуберо барои минтақа метавонад дар дунбол дошта бошад. Аз ин лиҳоз, огоҳӣ ва ҳушёрию зиракии сиёсии мардуми кишвар, махсусан, ҷавонон зарур буда, баргузории семинар ва машғулиятҳои гуногуни омӯзишӣ  дар муассисаҳои таълимӣ, маҳаллаҳо ва доир намудани ҷаласаҳои кумитаҳои падару модарон ҷиҳати пешгирӣ аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва пешгирии  гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тахрибкору  террорист бояд доимӣ  ба роҳ монда шаванд. 
Тарбия кардани насли наврас ва ҷомеа  раванди муҳимест  ва вобаста ба талаботи ҷомеа омӯзгор ҳамчун  тарғибгар бояд  дар вақти гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ, ҷаласаҳои кумитаҳои падару модарон ва дарсҳои кураторӣ ба хонандагону донишҷӯён моҳияти  масъалаҳои доғро таҳлил ва фаҳмонида тавонад.  Маҳз ҳамин омил барои дониши васеъ доштан ва ҳамеша дар омӯзиш будани омӯзгор вобаста ба масъалаҳои доғи ҷомеаи имрӯз бояд ӯро таҳрик диҳад. 
«Бани одам аъзои якдигаранд, Ки дар офариниш зи як гавҳаранд» - гуфтани Саъдии бузург ва миллионҳо байту ҳикматҳои сурудаи бузургони адабиёти пурифтихори мо танҳо тарғиби инсонвор зиндагӣ намудан, нафрат ба ҷангу хунрезӣ, нафрин ба одатҳои ғайриинсониро дар бар мегиранд ва бо пайравӣ аз ин пандномаҳо бояд зиндагӣ ва насли наврасро тарбия намоем.  
Мавлонои Балхӣ мефармояд:
Ҳарфи бадро  бар лаб овардан хатост, 
Кофиру муъмин ҳама халқи Худост. 
Ҳатто ҳарфи бад ба лаб овардан дар ақидаи башардӯстӣ ва инсонии     гузаштагони мо хато ҳисобида шуда,   қатлу ғорат ва ҳадафи бадхӯиҳо қарор додани инсонҳо новобаста аз миллату дину оинашон   амалҳои ғайриинсонӣ ҳисобида мешуданд. 
Мактаб омили асосии тарбияи дуруст ёфтани насли наврас буда, бемактабӣ ва бедонишӣ метавонад боиси ҳама гуна  каҷравиҳо дар зиндагӣ гардад. Ягона манбаи тарбия ёфтани  инсонҳо мактаб буда, барои ҳамчун инсон камол ёфтани мо  шароит фароҳам меорад.  Устод Айнӣ нақши мактабро дар тарбия ёфтан, инсонвор зиндагӣ намудани  мардум хело хуб таъкид намудааст, ки бояд дар асри ҳозир барои бемактаб намондани ягон нафар шаҳрванди кишвар ҳамагон масъулияти бузургеро барои худ эҳсос намоем:
Мактаб ба ту ёд медиҳад илму адаб, 
Мактаб зи ту мебарад ғаму ранҷу тааб.
Як нуктаи мухтасар зи мактаб гӯям, 
Одам нашавад, касе магар аз мактаб.
Маҳз тарбияи хуб дар мактаб ва соҳиби хату савод намудани  насли наврас,  барои дарки бештари масъалаҳо ва воқиф будан аз ҷаҳони имрӯз ва ба доми ҳар  нохалаф наафтидани онҳо нақши бемислеро мебозад.  
Шиори  ҳар яки мо дар даврони зиндагиямон байти Фирдавсии бузург бояд  қарор гирад:
Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем, 
Ба кӯшиш ҳам дасти некӣ барем.
Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор. 
 
Ҷалолиддин АМИРОВ, 
сармутахассиси раёсати 
таҳсилоти  ибтидоӣ ва
миёнаи касбии 
Вазорати маориф  ва  илми Ҷумҳурии Тоҷикистон