БОҶ БА МАКТАБҲОИ ТОҶИКИСТОН 180 ТОННА РАВҒАН ТАҚДИМ КАРД

15-12-2020
   15-уми декабр Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Миллали Муттаҳид 180 тонна равғани растаниро ҳамчун кӯмак барои амалигардонии Барномаи ғизои мактабӣ ба як қатор муассисаҳои таълимии кишвар тақдим намуд.
   Дар расми ифтитоҳи ин тақдимнамоӣ Игор Семенович Лякин-Фролов - сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, хонум Марико Кавабата - иҷрокунандаи вазифаи намояндаи Барномаи озуқавории СММ дар Тоҷикистон, Латофат Назирӣ - муовини вазири маориф ва илм, намояндагон аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шарикони рушд ширкат доштанд.
   Гуфта шуд, ки аз ҷониби Барнома кӯмаки мазкур бо мақсади ташкили хӯроки гарми яквақтаина барои хонандагони синфҳои 1-4-и 2000 муассисаи таълимии 52 шаҳру ноҳияи кишвар расонида мешавад. 
   Хонум Марико Кавабата дар суҳбат бо рӯзноманигорон иброз дошт, ки ин ҳанӯз оғози кор аст ва то охири соли 2020 бо мақсади рушди Барномаи ғизои мактабӣ 123 тонна равғани растанӣ ба Тоҷикистон ворид хоҳад шуд.
   -Тибқи нақша мо имсол бояд 303 тонна равғани растаниро ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ҳамчун кӯмак тақдим намоем. Ин кӯмак барои беҳтар гардонидани ғизои мактабие, ки ба кӯдакони аз синфи 1 то 4 дода мешавад, сарф хоҳад шуд. Дар баробари ин, мо тасмим гирифтаем, ки дар назди муассисаҳои таълимӣ ошхона, нонвойхона ва гармхонаҳои мактабиро бунёд намоем, инчунин ошхонаҳои қаблан вуҷуддоштаро таъмир ва бо таҷҳизоти нави муосир таъмин созем. Умедворам, ки дар доираи Барномаи ғизои мактабӣ якҷоя бо шарикони рушд ба натиҷаҳои назаррас ва муфид даст хоҳем ёфт,-таъкид кард М. Кавабата.
   Гуфта мешавад, ки Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ дар Тоҷикистон аз соли 2012 барои эҳё ва амалигардонии Барномаи ғизои мактабӣ бо маблағгузории Ҳукумати Федератсияи Россия фаъолият мекунад. 
    Қаблан дар доираи Барномаи мазкур барои муассисаҳои таълимии кишвар 3 000 тонна орде, ки бо витаминҳои барои саломатии кӯдакон муфид омехта шудааст, кӯмак расонида шудааст.
    Латофат Назирӣ-муовини вазири маориф ва илм иброз дошт, ки масъулин аз болои иҷроиши ин барнома ҷиддан назорат хоҳанд бурд. Афзуд, ки маҳсулоти хӯрокворӣ ҳатман ва танҳо барои хонандагони синфҳои 1-4 ҳамарӯза дар шакли хӯроки гарми яквақтаина дастрас мешавад.
   Ҳамчунин, Игор Семенович Лякин-Фролов - сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳадафи асосии Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ аз нав эҳё намудани ташкили ғизои мактабӣ дар муассисаҳои  таълимист. 

Суннатуллоҳи Мирзо