БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД

09-04-2022
9-уми апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, директорон, ректорон, раисон ва котибони комиссияҳои қабули муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар соли 2022-2023 ва аттестатсияи хатм ҷаласаи кории назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он вазири маориф ва илм Р.Саидзода, муовини вазири маориф ва илм Л.Абдулхолиқзода, намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Наботов, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Акбарзода иштирок намуданд.
Дар оғози ҷаласа Р. Саидзода иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илм бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар самти қабули донишҷӯён як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти касбӣ, аз ҷумла Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022-2023, Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022-2023, Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2022-2023 ва Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи таҳсилоти олии дуюм дар соли таҳсили2022-2023-ро таҳия ва тасдиқ намуд. Дар назди муассисаҳои таҳсилоти касбӣ комиссияҳои қабули довталабон фаъолият мекунад, ки яке аз вазифаҳои асосии он қабули донишҷӯён ба муассисаи таҳсилоти касбӣ, барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва қабули донишҷӯён ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи таҳсилоти олии дуюм мебошад. Вобаста ба масъалаи мавриди назар роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти касбиро зарур аст, ки қабули донишҷӯёнро ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ танҳо аз рӯи равия ва самти ихтисосҳои амалкунанда дар доираи замимаи иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ ба роҳ монанд. Ҳамзамон, масъулини комиссияҳои қабул ташкил ва баргузории суҳбат ва озмунро тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба роҳ монда, иҷрои ҳатмии онҳоро дар муҳлатҳои муқарраргардида таъмин намоянд. 
-Масъалаи дигар ин қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии қасбии ҷумҳурӣ тариқи имтиҳонҳои марказонидашудаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Айни ҳол, мо дар давраи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ки тариқи имтиҳонҳои марказонидашудаи Маркази миллии тестии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, қарор дорем ва бояд таъкид намоем, ки дар ин давра муваффақ ҳамон муассисаи таълимие мегардад, ки тарғибу ташвиқи дурустро ба роҳ мондааст, - қайд кард вазир. – Масъулини муассисаҳои таҳсилоти касбиро зарур аст, ки пас аз тақсимоти Маркази миллии тестӣ зимни қабули ҳуҷҷатҳои довталабон муносибатро дар доираи ахлоқи ҳамида ва эҳтироми баланд ба роҳ монда, аз даст задан ба ҳолатҳои коррупсионӣ худдорӣ намоянд. Зеро бештари довталабонро падару модарон ва ё бародару хоҳарон ҳамроҳӣ менамоянд, ки як амали носазои корманди муассисаи таълимӣ метавонад боиси паст гардидани мақоми он муассисаи таълимӣ гардад.
Дар идома вазир таъкид дошт, ки яке аз масъалаҳои муҳим дар пешбурди фаъолияти таълимии муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ин рафти баргузории атестатсияи хатм мебошад. То имрӯз, тибқи муқаррароти амалкунанда ҷиҳати баргузории аттестатсияи хатм дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ фармоишҳои раисони комиссияи аттестатсияи хатм таҳия ва дастраси масъулин гардонида шудааст. Дар робита бо ин, бояд роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ рафти баргузории аттестатсияи хатмро дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монанд. Раисон ва аъзоёни комиссияи аттестатсияи хатмро зарур аст, ки аттестатсияи хатмро дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ  бо ахлоқи баланд ва эҳтиром ба ҳар хатмкунанда ба роҳ монда, аз амалҳои носазое, ки метавонад боиси паст гардидани шаъну шарафи омӯзгор ва мақоми  муассисаи таълимӣ гардад, худдорӣ намоянд. 
Дар идома, намояндагони Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия доир ба амалҳои коррупсионӣ даст назадани устодону кормандони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, бо роҳи шаффоф қабул намудани донишҷӯён ва баргузор кардани аттестатсияи хатм суханронӣ намуданд.
БАХТОВАР САФАРОВ