БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТУ ИДОРАҲО ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

17-03-2022
17-уми марти соли ҷорӣ бо мақсади муайян намудани роҳҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва донишазхудкунӣ миёни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои хориҷӣ, мудофиа, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ва Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ иштирок намуданд. 
Ҷаласаро муовини якуми вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ мушкилоти зиёд ба чашм мерасанд, ки ба сатҳу сифати таҳсилот ва донишазхудкунии хонандагону донишҷӯён таъсир расонида, монеи рушди сифати таҳсилот мегарданд. Аз ин рӯ, ҳадафи ҷаласаи имрӯза низ аз ин иборат аст, ки вазорату идораҳои дар сохторашон муассисаҳои таълимидошта дар якҷоягӣ роҳҳои ҳалли проблемаву мушкилоти ҷойдоштаро муайян намуда, барои муваффақ шудан ба натиҷаҳои назаррас бояд чораҳои дахлдор андешанд.
– Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки “барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад”- зикр кард, Ҷ.Ҷӯразода. – Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ фаъолиятро ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат тадбирҳои судманд андешем.
Сипас, намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, корҳои хориҷа ва мудофиа ҷиҳати ба роҳ мондани роҳу усулҳи нави таълим, истифодаи технологияи муосир дар раванди дарс, таъмини муассисаҳо бо омӯзгорони соҳибихтисос, таъмини муассисаҳо бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ, таъсис додани кабинетҳои фанни Омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва таҷҳизонидани кабинетҳо бо яроқу таҷҳизоти ҳарбӣ, назорати бо ҷойи кор ҳозиршавии донишҷӯёни тибқи квота таҳсилкунанда ва пешбинӣ намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон, фаъолгардонии маҳфилҳои фаннӣ, таъмини китобхонаҳо ба китобҳои бадеӣ, ташкили кабинетҳои технология (таълими меҳнат) барои касбомӯзии писарон ва духтарон дар муассисаҳои таълимӣ, ҷиддӣ ба роҳ мондани омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, таваҷчуҳи махсус зоҳир намудан ба мақоми омӯзгор ва чанде дигар таклифу пешниҳодоти худро манзур намуданд.
Дар охир вобаста ба масъалаҳои пешниҳодшуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба масъулин дастурҳои мушаххас дода шуд.
 
Маркази матбуоти
вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон