БО МАҚСАДИ ҶАЛБИ САРМОЯ БА КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ ҲАМОИШ БАРГУЗОР ГАРДИД

31-05-2022
31-уми майи соли ҷорӣ дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ бо иштироки муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ҷиҳати ҷалби сармоя ба корҳои илмӣ ва пайвастани илм ба истеҳсолот ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳо, намояндагони шарикони рушд, муассисаҳои ватанӣ, устодон ва олимони ҷавон ширкат намуданд. 
Ҷ.Ҷӯразода-муовини якуми вазири маориф ва илм дар баромади худ қайд кард, ки имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол татбиқи амалии сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм ва инноватсия тибқи талаботи ҷаҳони муосир ва иқтисодиёти миллии кишвар ба роҳ монда шуда, таъмини соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ бо кадрҳои илмӣ, пайванди натиҷаҳои илм бо истеҳсолот, ҳамоҳангсозии корҳои навовариву ихтироъкорӣ дар ҷумҳурӣ, дастгирии неруи илмии муҳаққиқон самти афзалиятнок дар фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ дониста шудааст. Бо ин мақсад, дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи толибилмону донишҷӯён, олимони ҷавон, унвонҷӯёну муҳаққиқони лаёқатманду соҳибистеъдод дар самти ихтироот, таҳқиқоти илмиву техникӣ ва технологӣ иқдом гирифта шуд, ки ба шахсони мазкур баҳри анҷом додани кашфиёту ихтирооти нав, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди иқтисоди миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
-Ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайр аз маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои инвеститсионӣ барои рушд ва ислоҳоти соҳаи маориф ва илм ҷалб карда мешавад, ки бо ёрии он як қатор масъалаҳои соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ ҳалли худро меёбанд. Мавриди зикр аст, барои маблағгузории соҳаи илм дар буҷети давлатӣ барои соли 2022 153,5 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2021 18,4 млн сомонӣ ё 13,6 фоиз зиёд мебошад,-зикр кард муовини якуми вазир. 
Бояд гуфт, ки зиёда аз 70 нафар омӯзгор барои ба даст овардани сармоя ҷиҳати идома ва дар амал татбиқ намудани кори худ дар истеҳсолот лоиҳаҳои худро пешниҳод намуда, ки дар ҳамоиш 20 нафари онҳо корҳои илмӣ-таҳқиқотии худро муаррифӣ намуданд. 
Маврид ба зикр аст, ки ҳамоиши мазкур бо мақсади иҷрои банди 123 Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2020, №526 “Дар бораи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баргузор гардид ва Вазорати маориф ва илм мехоҳад дар ин самт корҳоро ҷоннок намояд. Баргузории ин гуна ҳамоишу вохӯриҳо бо мақсади дастгирии олимон ва қадрдонӣ аз хизмату заҳматҳои онҳо барои Ватану миллат мебошад.
БАХТОВАР САФАРОВ