БОЗДИД АЗ ШУЪБАИ МАОРИФ ВА 5 МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ЛАХШ

06-11-2021
5-уми ноябри соли равон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони Вазорати маориф ва илм - муовини вазири маориф ва илм Нуралӣ Собирзода, директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии вазорат Комилшоҳ Исозода, сардори раёсати сохтмони асосии вазорат Дилшод Сафарзода аз шуъбаи маорифи ноҳияи Лахш дидан намуданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Лахш соли 1962 сохта шуда, аз 15 утоқи корӣ иборат мебошад. Дар бинои мазкур кабинети методӣ, утоқи мутахассисони шуъба, муҳосибот, маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, утоқи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ҷойгир мебошад.
Мавриди тазаккур аст, ки сохтмони бинои шуъбаи маориф дар рӯйхати иншооти сохташавандаи соҳаи маориф ворид гардида, он аз нав сохта ба истифода дода мешавад.
Инчунин, намояндагони Вазорати маориф ва илм якҷо бо раиси ноҳияи Лахш Файзулло Баротзода бо мақсади омӯзиши вазъи муассисаҳои таълимӣ, таъминот бо китобҳои дарсӣ, омодагӣ ба фасли зимистон, таъминоти кадрӣ, норасоии ҷойи нишаст ва дигар масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбия дахлдошта аз муассисаи таҳсилоти умумии №56, №40, №2, №7 ва №13-и ноҳияи Лахш боздид карданд.  
Иттилоъ дода шуд, ки дар назди муассисаи таҳсилоти умумии №56 сохтмони бинои нави таълимӣ иборат аз 6 синфхонаи таълимӣ, кабинети директор ва хонаи омӯзгорон бо ҷалби сармояи хориҷӣ оғоз гардидааст.
Муассисаи таълимии №40 бошад, аз як бинои таълимӣ иборат буда, соли 1987 сохта мавриди истифода қарор дода шудааст. Бинои муассиса аз 6 синфхонаи таълимӣ ва 1 утоқи корӣ барои омӯзгорон иборат буда, айни замон, дар он 138 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Зикр гардид, ки муассисаи таълимии №2 аз як бинои таълимӣ иборат буда, соли 1960 сохта мавриди истифода қарор дода шудааст. Бино дорои 16 синфхонаи таълимӣ, 2 утоқи корӣ барои омӯзгорон мебошад. Айни замон, дар муассисаи таълимии мазкур 657 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, бино дорои таҳхона буда, пойдевори он аз хишти силикатӣ сохта шудааст.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таълимии №7 аз ду бинои таълимӣ иборат буда, соли 1965 сохта мавриди истифода қарор дода шудааст. Бинои якуми таълимӣ дар натиҷаи заминларзаи соли 2017 рухдода ба ҳолати садамавӣ дучор гардид. Бинои таълимии дуюм дорои 10 синфхонаи таълимӣ ва 2 утоқи корӣ барои омӯзгорон мебошад. Соли ҷорӣ бо тариқи ҳашар 3 синфхонаи таълимӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Айни замон, дар муассисаи таълимии мазкур 450 нафар хонанда ва 2 гурӯҳи инкишофи кӯдак ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
Муассисаи таълимии №13 бошад, аз ду бинои таълимӣ иборат буда, соли 1962 сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст. Бинои дуюми таълимӣ дар натиҷаи заминларзаи соли 2017 рухдода ба ҳолати садамавӣ дучор гардид. Бинои таълимии якум аз 7 синфхонаи таълимӣ ва 2 утоқи корӣ барои омӯзгорон иборат мебошад. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ва саҳми аҳолии деҳаи Оқсой таҳкурсии сохтмони 9 синфхона рехта шуда, соли 2021 5 синфхонаи он сохта мавриди истифода қарор дода шуд. Айни замон, дар муассисаи таълимии мазкур 373 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Ҳамзамон, дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони Вазорати маориф ва илм аз муассисаи таҳсилоти умумии №41 деҳаи Бароти Шарифи ноҳияи Рашт дидан намуданд.
Бахтовар САФАРОВ