БОЗДИДИ АНТОНИО ГУТЕРРИШ АЗ МАРКАЗИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

05-07-2024
Имрӯз Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антонио Гутерриш дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Озмоишгоҳи инноватсионии Муассисаи давлатии “Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Шоҳмансур”-и шаҳри Душанбе дидан намуда, бо таълимгирандагони марказ суҳбат оростанд. Зимни боздид дарҷ намуданд, ки боиси хушнудист, ки кӯдакону наврасони Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳамагуна имкониятҳову шароитҳои муосир ва ҳамқадами замонанд ва ин пеш аз ҳама аз дастгириҳову ғамхориҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Бояд қайд кард, ки дар Муассисаи давлатии "Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Шоҳмансур" - и шаҳри Душанбе Озмоишгоҳи инноватсионӣ аз соли 2022 инҷониб фаъолият менамояд.
Лоиҳаи “Озмоишгоҳи инноватсионӣ” дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миллии сиёсати рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2022-2026 ва Ҳадафҳои Рушди Устувори СММ (ҲРУ) амалӣ гардида, мақсади асосии он омӯзонидани наврасону ҷавонон бо донишу малакаҳои ҳаётан муҳим ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоии онҳо мебошад.
Озмоишгоҳи ииноватсионӣ барои ташаккули иқтидори инноватсионӣ ва баланд бардоштани донишу малакаҳои зарурии насли наврас фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (UNICEF) ба роҳ мондааст.

Маркази матбуотии Сарраёсати
маорифи шаҳри Душанбе