БОЗДИДИ М.ИМОМЗОДА АЗ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ҲУҚУҚ, БИЗНЕС ВА СИЁСАТИ ТОҶИКИСТОН

08-02-2022
8-уми феврали соли ҷорӣ дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон боздид ба амал овард. 
Нахуст, вазири маориф ва илм М.Имомзода аз сохтмони бинои иловагии таълимӣ ва маҷлисгоҳ барои 800 ҷойи нишаст, ки дар арафаи анҷомёбист, дидан кард.
Зимни боздиди вазир, масъулин иттилоъ доданд, ки корҳои таъмиру бунёдии бинои таълимии иловагӣ пурра иҷро гардида, дар фурсатҳои кӯтоҳ бо техникаву таҷҳизоти таълимӣ, аз қабили мизу курсӣ ва тахтаҳои электрониву дигар лавозимоти хониш таъмин карда мешавад. Аснои боздид аз ҷараёни корҳои бунёдӣ вазири маориф ва илми кишвар ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дод. Ҳамчунин, М.Имомзода аз макони бунёди бинои истиқоматӣ барои кормандону омӯзгорон дидан кард.
Пас аз боздид ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонӣ вазири маориф ва илми кишвар бо кормандону устодони донишгоҳ мулоқоти судманд анҷом дод. Зимни суҳбат вазири маориф ва илми кишвар иброз дошт, ки корҳои бунёдии бинои таълимиву маҷлисгоҳ ва бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои устодону кормандон бояд тақвият ёбанд. Инчунин, вазири маориф ва илми мамлакат перомуни гузаштан ба таҳсилоти рақамӣ, ҷорӣ намудани ихтисосҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ, омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ, ташкили марказҳои забономӯзӣ дар донишгоҳ ва тақвияти корҳои илмиву таҳқиқотӣ ибрози андеша кард.
М.Имомзода нақши устодони донишгоҳро дар тарбия намудани мутахассисони соҳаҳои мухталиф назаррас арзёбӣ карда, барои ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани раванди таҳсилот ба иштирокдорон дастуру супоришҳои мушаххас дод.