БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ АЗ ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ Ш. ШОҲТЕМУР

14-04-2022
Субҳи 14-уми апрели соли ҷорӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода ва сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм Наврӯз Мирзозода  аз вазъи таълиму тарбияи донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур дидан намуданд.
Нахуст, муовини вазир Л. Абдулхолиқзода аз факултетҳои гидромелиоративӣ, агробизнес, идораи замин ва геодезия дидан намуда, бо донишҷӯён ва омӯзгорон суҳбати озод анҷом дод. Дар рафти боздид аз факултетҳои мазкур маълум гардид, ки дар соати якуми дарсӣ  шумораи ками донишҷӯён ширкат доранд.
Сипас, муовини вазир доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омода кардани мутахассисони баландихтисос, баланд бардоштани сифати таҳсилот, назорати давомоти донишҷӯён ва чанде дигар ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон, ба масъулин дастур дода шуд, ки проблемаву мушкилоти ҷойдоштаро дар муҳлати кутоҳтарин бартараф намуда, аз натиҷаи корҳои анҷомдода ба Вазорати маориф ва илм маълумоти муфассал ирсол намоянд.
 
ЗАЙНАБ ҲУСЕЙНОВА