БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ҲИСОР ВА НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ

08-10-2022
Бо мақсади шиносоӣ аз вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, хусусан, таъмини муассисаҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсию бадеӣ, ҷойи нишаст, технологияи муосиру озмоишгоҳҳоитаълимӣ, ороиши синфхонаҳо, омодагии муассисаҳо ба фасли зимистон муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода ва гурӯҳи кории вазорат аз муассисаҳои таълимии №59, 52, 41, 17, 5 –и шаҳри Ҳисор ва муассисаҳои таълимии №21, 8, 11, 45, 2,52 ,14, 34, 18-и ноҳияи Шаҳринав дидан намуданд.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои болозикр муовини вазири маориф ва илм бо кормандони муассисаҳои таълимӣ суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, ҳамзамон, доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омоданамоии мутахассисони босаводу донишманд ва истифодаи усулҳои нави таълим ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ёдовар шуда, зикр кард, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳатибаланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, татбиқи барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва чанде дигар як қатор тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида истодааст. Аз ин рӯ, омӯзгоронро зарур аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат, Пешвои муаззами миллат ва Вазорати маориф ва илм фаъолияти дучанд намоянд.
Дар баробари ин, зимни боздиди гурӯҳи корӣ бархе камбудиҳо низ ба мушоҳида расид. Нокифоя будани давомоти хонандагон, дар рӯзӣ санҷиш бе китоби дарсӣ омадани баъзе хонандагон ба муассиса, пурра риоя нагаштани либоси ягонаи тавсиявӣ, бо сабаби набудани қувваи барқ истифода нашудани компютерҳо ва технологияи муосири таълим ва чанде дигар аз ҷумлаи камбудиҳое буданд, ки муовини вазир З. Абдулзода ба директорони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати ислоҳи онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.