БОЗДИДИ РАҲИМ САИДЗОДА АЗ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №15-И НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ

26-04-2023
26 апрели соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и деҳаи Сафар Гадоеви ҷамоати деҳоти Панҷрӯди ноҳияи Ҳамадонӣ боздид кард.
Зимни боздид маълум гардид, ки муассисаи таълимии мазкур соли 1989 барои 1176 ҷойи нишаст дар ду баст сохта шуда, масоҳати қитъаи замини он 1,82 гектарро ташкил медиҳад. Айни замон дар муассиса 1786 хонанда дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, ба онҳо 76 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд.
Гирду артофи муассиса қисман бо девор иҳота нагардида, бинои он ба таъмири асосӣ ниёз дорад. Мизу курсӣ ва тахтаҳои синфӣ фарсуда гардидаанд. 
Ҳангоми шинос шудан бо рафти дарс дар синфи 10"Б" маълум гардид, ки дар дарси фанни ҳуқуқи инсон (омӯзгор Шохаёлов Неъмат) аз 33 нафар хонанда ҳамагӣ 18 нафар дар дарс иштирок доштанд. Дар синфи 11"Б" бошад дар дарси забони англисӣ (омӯзгор Соҳибназарова Хучабӣ) аз шумораи умумии 34 нафар хонанда дар дарс 25 нафар иштирок доштанд. 
Раҳим Саидзода ба шуъбаи маорифи ноҳия супориш дод, ки дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷорияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳамадонӣ ва ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша чиҳати аз таъмири асосӣ баровардани бинои муассисаи таълимӣ чораҷӯйӣ намоянд.
Вазири маориф ва илм дар рафти суҳбат бо омӯзгорон вобаста ба иштироки хонандагон дар дарсҳо, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо, тозаву озода нигоҳ доштани муассиса, гузарондани шанбегиҳо изҳори назар карда, ба масъулин супориш дод, ки ҷиҳати  хавасмандгардонӣ  ва сарфароз гардонидан бо "Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва унвони "Аълочии маориф ва илми Точикистон" номзадии омӯзгорони фаъол ва пешқадамро пешниҳод намоянд.
Дар охир Раҳим Саидзода зимни суҳбат бо хонандагону омӯзгорон оид ба вазъи омодагии хатмкунандагони муассисаи таълимӣ ба имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ, интихоби касб, омӯзиши забонҳои русию англисӣ, аз бар намудани 400 вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русию англисӣ, иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Илм - фурӯғи маърифат", ""Тоҷикон" - оинаи таърихи миллат", "Тоҷикистон - Ватани азизи ман " изҳори назар кард. Ба масъулин ва омӯзгорон таъкид кард, ки баланд бардоштани сифати таълим аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як корманди соҳаи маориф аст. Қайд гардид, ки таваҷҷуҳу дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ зиёд аст. Ба ин хотир, маҳз ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ диққати алоҳида дода шавад.
Ёдовар бояд шуд, ки корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук  Комрон Шаймарданов аз вазири маориф ва илм хоҳиш намуда буд, ки аз муассисаи таълимии №15-и ноҳияи Ҳамадонӣ боздид намояд. 

                                                                                                                                                                                                               Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон