БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МАКТАБИ ПРЕЗИДЕНТИИ КУШОНИЁН

06-04-2022
6-уми апрели соли ҷорӣ дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Кушониён вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо мақсади шиносоӣ аз вазъи таълиму тарбия, таъминот бо маводи хониш, муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ ва таъминоти кадрӣ аз Мактаби президентӣ дар ноҳияи Кушониён дидан ба амал овард. 
Зимни боздид вазир бо рафти тадрис, шароити таҳсил, таъмини ғизо, вазъи беҳдоштии ошхонаи мактабӣ, хобгоҳи хонандагон ва таъминоти кадрӣ шинос шуда, ҳамзамон аз ҳолати омодасозии шогирдон ва иштироки нокифояи онҳо дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, дастгирии омӯзгорон аз сӯи роҳбарият изҳори нигаронӣ кард.
Вазири маориф ва илм Р.Саидзода, ҳамчунин, бо омӯзгорони фанни забони русӣ, ки аз Федератсияи Россия ҷалб гардидаанд, суҳбати пурмӯҳтаво ороста, аз ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Россия дар самти маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ кард. 
Дар охир вазир бо ҳайати омӯзгорони мактаби мазкур вохӯрӣ доир намуда, онҳоро ба хештандорӣ, кӯшишу ҷадал дар роҳи омода намудани шогирдони босаводи сатҳи байналмилалӣ, ба роҳ мондани таълим ба забонҳои русӣ ва англисӣ, ширкат дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ, ҷалби омӯзгорони варзида ба Мактаби президентӣ дастуру ҳидоятҳо дод.
Ҳамчунин, ба роҳбарияти муассиса дар самти беҳтар намудани шароити таҳсил, таъмин бо китобҳои дарсиву бадеӣ, фароҳам овардани шароити мусоид дар хобгоҳ ва ошхонаи муассиса, ҳавасмандгардонии омӯзгорону шогирдони варзида дастурҳои мушаххас дода шуд.