БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МТМУ РАҚАМИ 56-И НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

09-02-2024
Субҳи имрӯз вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 56-и шаҳри Душанбе боздид кард. 
Зимни боздид вазири маориф ва илм пеш аз ҳама ба масъалаи давомоти хонандагон таваҷҷуҳ намуда, иштироки онҳоро дар раванди дарс омили таъсиргузор дар баланд бардоштани сифати таҳсилот унвон кард.
Раҳим Саидзода бо ҷадвали дарсии муассиса шинос гардида, дар рафти дарсгузарии омӯзгорон иштирок намуд ва бо хонандагон суҳбат кард.
Ҳангоми суҳбат бо хонандагони синфҳои 11 вазири маориф ва илм ба масъалаҳои интихоби касб, рушди фардии хонандагон ва хизмат ба халқу миллат ишора намуд.