БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №19-И НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

24-02-2024
24 феврали соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода  бо вазъи таълиму тарбия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №19-и ноҳияи Қубодиён шинос шуд. Вазири маориф ва илмро раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат ҳамроҳӣ намуд.
Зимни боздид аз муассисаи мазкур Раҳим Саидзода қайд намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби афзоиш ёфтани аҳолӣ ва ба шароити муосир мутобиқ гардонидани муассисаҳои таълимӣ сохтмони биноҳои нави таълимӣ аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ бомаром идома дорад ва боиси хушнудист, ки ин иқдом дар ноҳияи Қубодиён низ ба чашм мерасад.
Ба вазири маориф ва илм иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 1341 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 83 нафар омӯзгори дорои маълумоти олӣ ба онҳо дарс мегӯянд. Айни ҳол дар муассисаи таълимӣ норасоии омӯзгорон вуҷуд надорад.
Вазири маориф ба машғулиятҳои дарсӣ дар муассисаи таълимӣ шинос гардид. Маълум гардид, ки давомоти хонандагон қонеъкунанда (дар синфи 7 "Ғ" аз 20 нафар хонанда 18 нафар ва дар синфи 11"Б" аз 30 нафар хонанда 29 нафар дар дарс иштирок доштанд) буда, новобаста аз куҳна будани бинои муассиса, он бо тахтаҳои электронӣ, синфхонаҳои лабораторӣ ва камераҳои назоратӣ таъмин гардидааст. Мутаассифона, сатҳи забондонии хонандагон ҳоло ҳам қонеъкунанда нест.
Иттилоъ дода шуд, ки бинобар сабаби норасоии ҷойи нишаст аз ҳисоби кумитаи падару модарон соли равон дар ноҳияи Қубодиён сохтмони 66 синфхонаи иловагӣ, махсусан дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 сохтмони бинои дуошёнаи иловагии муассисаи таълимӣ бо 12 синфхонаи таълимӣ оғоз гардида, айни ҳол корҳои бетонрезӣ ба анҷом расидааст. Вазири маориф ва илм бо рафти корҳои сохтмонӣ шинос шуда, ба саҳмгузорон миннатдории самимӣ баён намуд. Мавсуф иброз дошт, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм мизу курсӣ барои 100 ҷойи нишаст ва тахтаҳои синфӣ ба муассисаи таълимии №19-и ноҳияи Қубодиён тақдим карда мешавад.
Дар охир ҳангоми суҳбат бо хонандагону омӯзгорон вазири маориф ва илм оид ба вазъи омодагии хатмкунандагони муассисаи таълимӣ ба имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ, интихоби касб, омӯзиши забонҳои русию англисӣ, рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҳавасмандкунии омӯзгорон, гирифтани пеши роҳи гаравидани ҷавонону хонандагон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, ҳимояи мавқеи иҷтимоии омӯзгор, таъмини хонандагон ба китобҳои дарсӣ ва чанде дигар изҳори назар кард. 
Зимни суҳбат бо аҳли кормандони муассисаҳои таълимии мазкур вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода тазаккур дод, ки ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф устодону омӯзгорон ба фаъолияти хеш дар самти таълиму тарбияи насли наврас вусъат бахшида, дар замири онҳо меҳру муҳаббат нисбат ба Ватани маҳбуб, ҳисси худшиносиро бедор намоянд. Ҳамчунин, аҳли маорифи кишвар дар самти воло нигаҳ доштани мақому мартабаи омӯзгор дар ҷомеа, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омода намудани мутахассисони хуби забондон бояд пайваста талош намуда, дар пешрафти соҳаи афзалиятнок саҳми назарраси худро гузоранд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон