БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №28-И НОҲИЯИ ВАРЗОБ

02-03-2022
Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия, фаъолияти омӯзгорон, ҳолати физикии муассисаҳои таълимӣ, хусусан, проблемаву мушкилоти соҳа дар минтақаҳо 2-юми марти соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и деҳаи Шейхаки ҷамоати Садриддин Айнии ноҳияи Варзоб дидан намуд.
Нахуст, вазири маориф ва илм дар муассисаи мазкур бо раванди таълим дар синфҳои 2, 9 ва 11 шинос гардид. Зимни саволу ҷавоб хонандагон ба саволҳои пешниҳодшуда аз ҷониби вазири маориф ва илм ҷавобҳои қаноатманд доданд. Дар идома, вазир хонандагонро ба пос доштани арзишҳои миллӣ, дар руҳияи худшиносӣ ба камол расидан, интихоби дурусти касб ва супоридани ҳуҷҷатҳо ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ ҳидоят намуд.
Ҳамзамон, вазири маориф ва илм ба сардори синфи 2а Бобоева Ҳабиба, ки дар набудани омӯзгор синфро идора намуда, барои азёд накардани шеър 11 нафар хонандаро ба назди тахтаи синф даъват карда, аз ҳар яки онҳо сабаби азёд накарданро мепурсид, барои кордонӣ ва идора намудани синф офарин хонд. 
Баъд аз шиносоӣ бо раванди таълим, вазири маориф ва илм бо омӯзгорони муассисаи таълимии мазкур суҳбати самимӣ анҷом дода, зикр кард, ки вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, баланд бардоштани сифати таҳсилот, тарбияи хонандагон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, татбиқи Бистолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҷалби хонандагон ба омӯзиши забонҳои русию англисӣ ва истифодаи технологияи муосир бояд ҷомеаи омӯзгорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намояд.
Р.Саидзода-вазири маориф ва илм дар идома аз омӯзгорон дархост кард, ки вобаста ба мушкилоти соҳа таклифу пешниҳодҳои худро манзур намоянд. Вобаста ба ин, аз ҷониби омӯзгорон доир ба таъмини муассисаҳо бо кабинетҳои лингофонӣ, истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим, таъминот бо китобҳои дарсӣ, дар доираи мавзуъҳои китобҳои дарсӣ таҳия намудани саволномаҳои Маркази миллии тестӣ, кам кардани санҷишҳои ғайрисоҳавӣ, аз нав сохта ба истифода додани муассисаҳои дар ҳолати садамавӣ қарордошта ва чанде дигар таклифу пешниҳодҳо манзур гардиданд. 
Ҳамчунин, омӯзгори собиқадори муассисаи таълимӣ Турсуной Исомиддинова бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки пайваста бохабар будан аз вазъи таълиму тарбия ва шароити кории омӯзгорон аз ҷониби шахсони касбу кори гуногун онҳоро барои кор дар муассисаи таълимӣ боз ҳам дилгарм намуда, ҷиҳати ҷалби омӯзгорон ба таълиму тарбияи дуруст мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки бинои муассиса соли 1977 сохта шуда, айни замон 996 хонанда дар 2 баст ба таълим фаро гирифта шудааст ва 54 нафар омӯзгор ба хонандагон таълим медиҳанд.
P.S.: Пеш аз оне, ки бидуни огоҳӣ аз ягон муассисаи таълимӣ дидан намоем, дар роҳ аз чанд нафар суроғаи мактабҳоро пурсон шудем. Дар 23-киллометраи роҳи Душанбе-Варзоб дар роҳ зане меистод, ки аз ӯ дар куҷо воқеъ будани муассисаро пурсидем ва зан суроғаро гуфта, таъкид дошт, ки «духтари ман ба мактаб рафта истодааст, агар имкон дошта бошед, ӯро то ҳамонҷо баред ва ҳамвора роҳи муассисаро нишон медиҳад». Духтаракро ба мошин савор карда, (худро Ҳалима Ҷаҳонгирзода муаррифӣ намуд) то муассиса ҳам бурдем. Зимни суҳбат маълум гардид, ки ӯ дар Маркази инкишофи кӯдак таҳсил мекардааст. Ҳалима воқеан, духтари ҳушманд будааст, ки зимни суҳбати озод бо вазири маориф ва илм дар васфи Пешвои миллат шеър қироат намуда, таъкид кард, ки дар оянда корманди ҳифзи ҳуқуқ шудан мехоҳад.