БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №40-И НОҲИЯИ ДАРВОЗ

12-05-2023
11 майи соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-и деҳаи Даштаки ноҳияи Дарвоз боздид кард.
Зимни боздид маълум гардид, ки муассиса соли 1975 сохта шуда, дорои 7 синфхона мебошад ва дар он 186 хонанда дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Хонандагони муассисаи мазкур дар озмуну олимпиадаҳои гуногун иштирок намуда, ду нафари онҳо дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанни физика сазовори ҷойҳои якум ва дуюм гардидаанд.
Вазири маориф ва илм дар рафти суҳбат бо омӯзгорон вобаста ба иштироки хонандагон дар дарсҳо, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо, тозаву озода нигоҳ доштани муассиса, таъмири синфхонаҳо, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта изҳори назар кард. Раҳим Саидзода оид ба вазъи омодагии хатмкунандагони муассисаи таълимӣ ба имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ, интихоби касб, омӯзиши забонҳои русию англисӣ, аз бар намудани 400 вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русию англисӣ, иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Илм - фурӯғи маърифат", ""Тоҷикон" - оинаи таърихи миллат", "Тоҷикистон - Ватани азизи ман " изҳори назар кард. Ба масъулин ва омӯзгорон таъкид кард, ки баланд бардоштани сифати таълим аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як корманди соҳаи маориф аст. Қайд гардид, ки таваҷҷуҳу дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ зиёд аст. Ба ин хотир, маҳз ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ диққати алоҳида дода шавад.
Вазири маориф ва илмро раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Саидбурҳон ҳамроҳӣ намуд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон