БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №63-И ШАҲРИ ҲИСОР

26-02-2022
26-уми феврали соли ҷорӣ бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия, ҳолати физикии муассисаҳои таълимӣ, хусусан, дастоварду мушкилоти соҳа дар минтақаҳо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63-и шаҳри Ҳисор дидан намуд.
Зимни суҳбат иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи таълимӣ 1004 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 52 нафар омӯзгор таълим медиҳанд.
Нахуст, вазири маориф ва илм дар муассисаи мазкур дар дарси иловагии забони русӣ дар синфи 2 ва соати тарбиявӣ дар синфи 11 иштирок намуда, бо хонандагон саволу ҷавоб намуда, суҳбати самимӣ анҷом дод.
Сипас, вазири маориф ва илм бо омӯзгорони муассисаи таълимӣ суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, вобаста ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар соҳа, хусусан ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот фикру андешаи омӯзгоронро шунид. Аз ҷониби омӯзгорон доир ба таъмини муассиса бо технологияи муосир, хусусан, тахтаҳои электронӣ, аз таъмири капиталӣ баровардани муассиса, таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ, ташкил намудани курсҳои такмили ихтисоси сайёр ва пардохти сафархарҷиҳои омӯзгорон зимни гузаштан аз курсҳои бозомӯзию такмили ихтисос, пешбинӣ намудани  имтиёзҳо ба омӯзгорон, дар асоси барномаҳои таълимӣ таҳия намудани китобҳои дарсӣ як қатор таклифу пешниҳодҳо манзур гардиданд.
Дар охир, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Саидзода таъкид намуд, ки вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, баланд бардоштани сифати таҳсилот, тарбияи хонандагон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, татбиқи Бистолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҷалби хонандагон ба омӯзиши забонҳои русию англисӣ ва истифодаи технологияи муосир таваҷчуҳи хоса зоҳир намоянд.
P.S.: Ёдовар мешавем, ки чунин сафарҳои кории вазири маориф ва илм бидуни огоҳӣ ба дигар шаҳру ноҳияҳо низ дар назар аст.