БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 57-И НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

23-02-2024
23 феврали соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо вазъи таълиму тарбия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 57-и ноҳияи Кӯшониён шинос гардид.
Зимни боздид ба вазири маориф ва илм иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи таълимӣ 406 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, ба онҳо 28 нафар омӯзгор дарс мегӯянд. 
Ҳангоми шиносоӣ  бо баргузории машғулиятҳои дарсӣ маълум шуд, ки дар синфи 4 "А" аз 15 нафар хонанда 14 нафар дар дарс иштирок дошта, танҳо 6 нафар китоби дарсӣ доранд. Ҳарчанд хонандагон бо китобҳои дарсӣ таъмин гардида бошанд ҳам, китобҳои дарсиро бо худ наовардаанд. Дар синфхонаҳо бошад мизу курсиҳои шикаста ба чашм расида, қоидаҳои санитарию гигиенӣ пурра риоя нагардидааст.
Вазири маориф ва илм дар суҳбат бо роҳбарияти муассиса ва омӯзгорон қайд намуд, ки ҷиҳати дар сатҳи беҳтар ба роҳ мондани таълиму тарбия зарур аст, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сари вақт иҷро намуда, бо масъулияти дучанд баҳри ободии соҳа кӯшиш намуд.
Ба масъулин ҷиҳати беҳтар намудани фаъолият, таъмини давомоти пурраи хонандагон, идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҷалби духтарон ба таҳсил, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ва чанде дигар масъалаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон