БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ АЙНӢ

19-08-2023
19 августи соли равон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар доираи сафар ба вилояти Суғд  ҷиҳати иштирок дар машварати августии омӯзгорони вилоят бо вазъи омодагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№6 ва 53-и ноҳияи Айнӣ ба соли нави хониш шинос гардид. 
Нахуст зимни боздид аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ба номи Олим Нозимови деҳаи Сарвода маълум гардид, ки муассиса дуошёна буда, дар ошёнаи якуми он аз ҳисоби комбинати маъдантозакунии кӯҳии Анзоб таъмир рафта истодааст. 
Тибқи иттиллои директори муассисаи таълимӣ Ҷумаева Муборак, муассиса барои 640 хонанда сохта шуда, айни ҳол дар он 454 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 31 нафар омӯзгор дарс мегӯяд. Норасоии омӯзгорон дар муассиса 2 нафар: омӯзгори фанни математика ва омӯзгори фанни омодагии дифоии ҳарбиро ташкил медиҳад. 
Раҳим Саидзода зимни боздид аз муассисаи мазкур ба рафт ва сифати корҳои таъмирӣ диққати махсус дода, қайд намуд, ки бояд бо омодагии ҷиддӣ соли нави хонишро оғоз кард. Дар идома маълум гардид, ки муассисаи мазкур то ҳол барои давраи тирамоҳу зимистонгузаронии соли таҳсили 2023-2024 омода набуда, ангишт дастрас накардааст. Вобаста ба ин масъала ба директори муассиса ва шахсони масъул супоришҳои мушаххас дода шуд. 
Вазири маориф ва илм таъкид кард, ки баланд бардоштани сифати таълим аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як корманди соҳаи маориф аст. Қайд гардид, ки таваҷҷуҳу дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ зиёд аст. Ба ин хотир, маҳз ба омӯзиши ин фанҳо бояд диққати махсус дода шавад.
Сипас вазири маориф ва илм аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и деҳаи Пете дидан кард. Маълум гардид, ки муассиса дорои 9 синфхона буда, дар он 120 нафар хонанда дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ки ба онҳо 10 нафар омӯзгор дар ду баст дарс мегӯянд. Дар ин муассисаи таълимӣ низ ба давраи тирамоҳу зимистонгузаронии соли таҳсили 2023-2024 дар сатҳи зарурӣ омодагӣ гирифта нашуда, то ҳол муассиса ба ангишт таъмин нагардидааст. Муассиса ба оғози соли нави хониш низ дар сатҳи зарурӣ омода нагардидааст.
Дар охир зимни суҳбат бо директорони муассисаҳои болозикр Раҳим Саидзода қайд намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ба таълиму тарбия, махсусан сифати таҳсилот диққати махсус дода мешавад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои Пешвои миллат рисолати омӯзгории худро бо масъулияти баланд иҷро намоем ва дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзандаи худро гузошта бошем.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон