БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ

18-01-2023
18-уми январи соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо мақсади шиносоӣ ба омодагии муассисаҳои таълимӣ ба оғози чоряки сеюм ва зимистонгузаронӣ аз муассисаҳои таҳсилоти умумии №19, №16 ва №101-и ноҳияи Рӯдакӣ дидан намуд. 
Зимни боздид аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19, воқеъ дар деҳаи Тубеки Ҷамоати деҳоти Лоҳур, ки аз се бинои таълимӣ иборат аст, маълум гардид, ки як бинои он ба системаи гармидиҳии мутамарказ насб карда шудааст. Роҳравҳо ва гирду атрофи муассисаи таълимӣ аз барф тоза карда нашуда, ба истиснои чор нафар корманди техникӣ, на роҳбарият ва на омӯзгорон (37 нафар) дар ҷойи кор ҳозир набуданд. Танҳо пас аз шиносоии вазири маориф ва илм бо вазъи муассисаи таълимӣ, роҳбарияти он ва шахсони масъул ҳозир гардиданд. Дар рафти суҳбат ба роҳбарияти муассисаи талимии мазкур вазири маориф ва илм дастур доданд, ки минбаъд реҷаи корӣ дар муассиса ба таври қатъӣ риоя карда шуда, гирду атрофи муассиса аз барф тоза карда шавад. Барои ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон дар чоряки сеюм чораҳои зарурӣ андешида, бароҳмонии навбатдории шабонарӯзӣ дар муассиса аз ҳисоби кормандони асосӣ  бо мақсади ҳифзи бехатарии кормандон, эмин нигоҳ доштани бинову иншоот ва молу амволи муассиса, инчунин ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор минбаъд пурра риоя карда шавад. 
Бояд қайд намуд, ки тибқи мактуби дастурии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2022, №03(18)/03-833 дар давраи таътили зимистона дар доираи «Луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ» барои хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ бояд озмуни донандаи забонҳои русиву англисиро ба роҳ монда, вобаста ба мутолиаи асарҳои бадеӣ ва омодагӣ ба олимпиадаҳои фаннӣ хонандагонро роҳнамоӣ менамуданд. Ин дастур ба давраи тамдиди таътили зимистонаи хонандагон низ бевосита дахл дорад. Мутаассифона, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 машғулиятҳои иловагӣ барои омӯхтани забонҳои русиву англисӣ ва тайёрӣ ба олимпиадаҳои фаннӣ ба роҳ монда нашудааст. 
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ба номи Абдуҷаббор Обилови Ҷамоати деҳоти Лоҳур низ ба оғози машғулиятҳои таълимӣ дар чоряки сеюм пурра омода нагардида, тоза кардани саҳну роҳравҳои муассиса аз барф дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Дар роҳравҳои дохили бинои муассиса қоидаҳои санитарию гигиенӣ пурра риоя нагардида, аз 62 омӯзгор танҳо 8 нафар дар муассиса ҳузур доштанд. Директори муассиса Шерназарова Сурайё соати 9:31 дақиқа, пас аз омадани роҳбарияти вазорат, ҳозир гардид. Мутаассифона, то имрӯз дар фаъолияти муассиса ягон дастоварду комёбиҳои назаррас дида намешавад, ки боиси нигаронист. Аз 925 хонанда ягон нафар дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ мақоми сазоворро ноил нагардидаанд. Дар рафти суҳбат бо омӯзгорону масъулин вазири маориф ва илм таъкид доштанд, ки пеш аз ҳама вазъи санитарию гигиении муассиса беҳбудӣ мехоҳад. Ба роҳбарияти муассисаи дастур дода шуд, ки дар муҳлати кутоҳтарин камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намоянд.  
Сипас, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаи таҳсилоти асосии умумии №101 дидан намуд. Дар муассисаи таҳсилоти асосии умумии №101-и деҳаи Чагами Ҷамоати деҳоти Эсанбой, ки  дар 40 километрии шаҳри Душанбе ҷойгир аст, 137 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, 13 нафар омӯзгор ба онҳо дарс мегӯянд. Омодагии муассиса ба чоряки сеюм хуб ба роҳ монда шуда, аз ҷониби омӯзгорон – Бузарова Малика, Бузарова Шаҳзода ва Ҷӯраева Ҳуринисо ҷиҳати ба озмун омода намудани хонандагон дарсҳои иловагӣ мунтазам гузаронида мешаванд. Гармидиҳӣ тариқи печҳои бухорӣ ба роҳ монда шуда, захираи ангишту ҳезум кофӣ мебошад. Омӯзгори муассиса Ҷӯраева Ҳуринисо, ки собиқаи 20-солаи корӣ дорад, зикр кард, ки дар давоми фаъолияти корӣ бори аввал шоҳиди он аст, ки бевосита вазири маориф ва илм аз муассисаи мазкур дидан менамояд.
Зимни суҳбат бо аҳли кормандони муассисаҳои таълимии мазкур вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода тазаккур дод, ки ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф устодону омӯзгорон ба фаъолияти хеш дар самти таълиму тарбияи насли наврас вусъат бахшида, дар замири онҳо меҳру муҳаббат нисбат ба Ватани маҳбуб,  ҳисси худшиносиро бедор намоянд. Ҳамчунин, аҳли маорифи кишвар дар самти воло нигаҳ доштани мақому мартабаи омӯзгор дар ҷомеа, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омода намудани мутахассисони хуби забондон бояд пайваста талош намуда, дар пешрафти соҳаи афзалиятнок саҳми назарраси худро гузоранд.
 Ба сардори раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ ва роҳбарони муассисаҳои таълимии болозикр дастур дода шуд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар давоми як ҳафта чораҳои дахлдор андешанд.