БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ 

04-06-2022
Субҳи 4-уми июни соли ҷорӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, огоҳӣ пайдо намудан аз вазъи муассисаҳои таълимӣ, назорати рафти баргузории аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатми хонандагон, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба анҷоми соли таҳсил, ба роҳ мондани корҳои бунёдкориву созандагӣ, инчунин огоҳӣ пайдо намудан аз мушкилоти мавҷудаи соҳа дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №17 ва №37-и ноҳияи Восеъ дидан намуд. 
Вазири маориф ва илм нахуст ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и деҳаи Гулистон ташриф овард. Зимни ташрифи вазир маълум гардид, ки дар муассиса корҳои таъмирию барқарорсозӣ оғоз гардида, ҳамзамон, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатми хонандагон идома дорад. 
Дар рафти боздиди синфхонаҳои таълимӣ ба мушоҳида расид, ки омӯзгори фанни химияи муассиса Ҳабибуло Эргашев дар соати 6:30-и субҳ ба санҷишу натиҷагирии дафтарҳои шогирдони худ машғул буд. Вазири маориф ва илм ба омӯзгори мазкур барои дарки масъулият ва иҷрои саривақтии рисолатии омӯзгорӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ намуда, ҳамзамон таъкид кард, ки насли ҷавон содиқ будан ба касбу дар дил меҳр доштан нисбат ба пешаи интихобнамудаи худро бояд аз ин гуна омӯзгорон омӯзанд, зеро чунин омӯзгорон намунаи ибратанд.
Сипас, вазири маориф ва илм аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37-и ноҳия дидан намуд. Зимни суҳбат бо омӯзгорони муассиса аз ҷониби вазир даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор ва ҷамъбаст намудани аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатми хонандагон, ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ миёни хонандагон ҷиҳати дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити муассисаи таълимӣ ва муҳимтар аз ҳама, дар самти баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия чораҳои дахлдор андешида шавад.
P.S.: Давоми рӯз дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи кории назди вазири маориф ва илм баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа вазири маориф ва илм аз натиҷаи ташрифи худ ба муассисаҳои таълимии мазкур иттилоъ дода, ба мудири шуъбаи маорифи ноҳия ва директорони муассисаҳо ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дастурҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон, аз садоқат ва муҳаббати доштаи омӯзгор Ҳабибуло Эргашев нисбат ба касби худ ёдовар шуда, мавсуфро намунаи ибрат ба омӯзгорони ҷавон хонд. Баъд аз ҷаласаи корӣ иттилоъ расид, ки аз ҷониби ректори Донишгоҳи давлатии Данғара ба омӯзгор Ҳабибуло Эргашев 3000 сомонӣ маблағ тӯҳфа дода шудааст.