БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБИЮ МИЁНАИ УМУМИИ НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ

13-10-2022
13-уми октябри соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро дар якҷоягӣ бо муовинони вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода ва Шукрулло Хайрзода аз муассисаи таълимии томактабии №134 ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42-и ноҳияи Фирдавсӣ дидан намуд.
Зимни боздид аз муассисаи таълимии томактабии №134 маълум гардид, ки дар муассиса як қатор камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд. Аз ҷумла, риоя нагардидани реҷаи корӣ дар муассиса, тибқи меъёр ва дар вақти муқарраршуда надодани хурок ба кӯдакон, омода набудани муассиса ба фасли зимистон, хусусан, захира накардани маводи хурока барои фасли тирамоҳу зимистон, дар ҳолати ғайри санитарӣ қарор доштани муассиса, набудани майдончаҳои ба талабот ҷавобгӯ барои машғулиятҳои кӯдакон, истифода нашудани заминҳои наздимуассисавӣ, доир нашудани шанбегиҳо аз ҷумлаи камбудиҳое буданд, ки зимни ташрифи роҳбарияти вазорат ба мушоҳида расид. 
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 маълум гардид, ки корҳои тарбиявӣ дар муассиса дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда, дар саҳни муассиса ва роҳравҳои он хонандагон бо якдигар бо алфози қабеҳ суҳбат мекарданд. Ба талабот ҷавобгӯ набудани майдончаҳои варзишӣ, баргузор нашудани шанбегиҳо, дар саҳни муассиса нигаҳдорӣ шудани қутиҳои партов ва дар ҳолати ғайри санитарӣ қарор доштани муассиса аз ҷумлаи дигар камбудиҳое буданд, ки ба мушоҳида расид. 
Ба роҳбарони муассисаҳои таълимии болозикр ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар давоми як ҳафта чораҳои дахлдор андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ба Вазорати маориф ва илм маълумот пешниҳод намояд.