БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 16 ДЕҲАИ ФАЙЗБАХШИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА

12-03-2022
12-уми марти соли ҷорӣ вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар якҷоягӣ бо дигар масъулини Вазорати маориф ва илм аз рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16 деҳаи ФАЙЗБАХШИ ноҳияи Данғара дидан намуд.
Муассисаи мазкур сеошёна буда, барои 640 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ шуда, дорои толори варзишӣ, ошхона ва маҷлисгоҳ буда, тамоми шароит барои таҳсили хонандагон фароҳам оварда мешавад.
Вазири маориф ва илм зимни суҳбат бо сохтмончиён ба масъулин ҷиҳати дар сатҳи баланду бо сифати аъло ва дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.