БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ РАФТИ СОХТМОНИ ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ШАҲРҲОИ КОНИБОДОМ ВА ИСФАРА

20-07-2024
20 июли соли 2024 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро дар шаҳри Конибодом ва Исфара аз раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва сохтмони иншооти соҳаи маориф боздид намуд. 
Зимни сафари корӣ Раҳим Саидзодаро  муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода ва роҳбарияти шаҳрҳои Конибодом ва Исфара ҳамроҳӣ намуданд. 
Ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ - 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳрҳои Конибодом ва Исфара сохтмони як қатор иншоот, аз ҷумла иншооти соҳаи маориф идома дорад. Аснои сафар вазири маориф ва илм аз раванди сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №48, Муассисаи таҳсилоти томактабии №1, №2-и шаҳри Конибодом ва дигар корҳои таъмиру азнавсозии иншооти соҳаи маориф шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 аз 2 ошёна иборат буда, барои 320 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Ҳоло сохтмони муассисаи мазкур қисман ба итмом расида, корҳои рангуборӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ ҷараён дорад.
Сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабии №1 соли 2023 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ оғоз гардида, барои 150 кӯдак пешбинӣ шудааст ва ҳоло корҳои рангуборкунӣ  идома дорад.
Бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии №2 бошад, барои 250 кудак пешбинӣ шуда, сохтмон соли 2021 аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва тариқи ҳашар оғоз шудааст ва ҳоло дар арафаи анҷомёбист. 
Баъдан вазири маориф ва илм аз ҷараёни сохтмони муассисаи нави мавзеи Моҳпарии шаҳри Исфара дидан намуд. Муассисаи мазкур бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  сохта шуда, дорои 16 синфхона ва барои 480 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Ҳоло дар дар бинои муассисаи корҳои рангуборкунӣ ҷараён дорад. 
Дар назар аст, ки муассисаҳои мазкур  бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ва соли нави таҳсил мавриди истифода қарор мегирад.
Зимни боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ Раҳим Саидзода бо масъулини сохтмони иншоотҳо ва фаъолон доир ба масъалаҳои саривақт ба итмом расонидан ва мавриди истифода қарор додани иншоотҳо,  харидории либоси тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ, риоя ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мулоқоти судманд анҷом дод.