БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ШИРХОРГОҲ-КӮДАКИСТОНИ №1-И НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

25-04-2023
25 апрели соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз ширхоргоҳ-кӯдакистони №1-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе боздид кард.
Зимни боздид маълум гардид, ки мудири ширхоргоҳ-кӯдакистон ва посбон дар ҷойи кор ҳозир набуда, навдаву шохаҳои дарахтони саҳни бинои муассиса шикаста шудаанд. Ба вазири маориф ва илм иттиллоъ дода шуд, ки муассиса аз ду бинои таълимӣ иборат буда, дар он 13 утоқ барои кӯдакон, утоқи равоншинос, утоқи ҳамшираи тиб, утоқи сармураббӣ ва толори мусиқӣ мавҷуд аст. Кормандони муассиса 45 нафар, аз ҷумла 21 нафар кормандони педагогиро ташкил дода, тибқи иҷозатнома бояд 425 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шавад. Аммо дар асл дар муассиса беш аз 425 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудааст. 
Дар ширхоргоҳ-кӯдакистон шароити мусоид барои тарбияи кӯдакон фароҳам оварда шуда, он ба таҷҳизотҳои муосир барои тарбияи кӯдакон муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар муассиса маводи ғизоӣ ба таври кофӣ барои кӯдакон захира карда шуда, тарбиятгирандагон бо хӯроки гарм таъмин карда шудаанд.
Раҳим Саидзода дар рафти суҳбат бо масъулин ва кормандони ширхоргоҳ-кӯдакистон оид ба тарбияи кӯдакон, таъмини онҳо бо хӯроки гарм, омӯзиши забонҳои русию англисӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар муассиса изҳори назар кард. Ба масъулин ва кормандон таъкид намуд, ки тарбияи кӯдакону наврасон ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани онҳо аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як корманди соҳаи маориф аст.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон