БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ДӮСТӢ

24-02-2024
24 феврали соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз сохтмони бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ дидан кард.
Зимни боздид ба вазири маориф ва илм иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 оғоз гардида, он аз 3 ошёна бо утоқҳои кории кормандон, маҷлисгоҳ ва меҳмонхона иборат мебошад. Бинои нави шуъбаи маориф моҳи августи соли равон ба истифода дода мешавад.
Раҳим Саидзода дар рафти шиносоӣ ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, қайд намуд, ки дар доираи дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалишавии барномаҳои давлатии самти маориф маблағгузорӣ ба соҳа сол то сол меафзояд. Ин моро водор месозад, ки ҳамасола теъдоди зиёди биноҳои муассисаҳои таълимӣ ва шуъбаҳои маорифро сохта ба истифода диҳем, ки ин дар беҳтар гардидани шароити таҳсили хонандагон, кору фаъолияти омӯзгорон ва аҳли маорифи кишвар таъсиргузор аст.
Дар охир вазири маориф ва илм ба шахсони масъул дастур дод, ки сохтмони бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстиро дар вақти муайянгардида тибқи талаботҳои муайяншуда ва бо сифати баланд ба анҷом расонанд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон