БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ РАҲИМ САИДЗОДА АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

04-03-2023
Субҳи рӯзи 4-уми марти соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро зимни сафари корӣ бо вазъи мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод шинос шуд.
Зимни боздид аз муассисаи мазкур Раҳим Саидзода қайд намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби афзоиш ёфтани аҳолӣ ва ба шароити муосир мутобиқ гардонидани мактаб-интернат сохтмони бинои нави он дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар шаҳраки Дарбанд дар масоҳати 3 гектар замин дар назар аст.
Ба вазири маориф ва илм иттилоъ дода шуд, ки дар мактаб-интернат 147 нафар хонандагон ба таълим фаро гирифта шуда, 16 нафар омӯзгорон, 14 нафар дорои маълумоти олӣ ва 2 нафар дорои маълумоти миёнаи касбӣ, дар он кору фаъолият мекунанд. Инчунин, 16 нафар мураббия ва мураббиҳо ба тарбияти хонандагон машғуланд.
Зимни боздид аз муассисаи таълимии №20 вазири маориф ва илм бо рафти корҳои сохтмонӣ шинос шуда, барои тезонидан ва бо сифати баланд анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ масъулинро вазифадор кард. Дар рафти суҳбат бо хонандагону омӯзгорон оид ба вазъи омодагии хатмкунандагони муассисаи таълимӣ ба имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ, интихоби касб, омӯзиши забонҳои русию англисӣ ва аз бар намудани 400 вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русию англисӣ изҳори назар кард. Ба масъулин ва омӯзгорон таъкид кард, ки баланд бардоштани сифати таълим аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як корманди соҳаи маориф аст. Қайд гардид,ки таваҷҷуҳу дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ зиёд аст. Ба ин хотир, маҳз ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ диққати алоҳида дода шавад.
Дар идома Раҳим Саидзода аз Маркази таълимии касбомӯзии назди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт воқеъ дар ноҳияи Нуробод боздид кард. Дар ин марказ, ки мутобиқ ба талаботҳои муосири касбомӯзӣ аст, ба масъулин ҷиҳати омода кардани мутахассисони варзида дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Зимни суҳбат бо аҳли кормандони муассисаҳои таълимии мазкур вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода тазаккур дод, ки ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф устодону омӯзгорон ба фаъолияти хеш дар самти таълиму тарбияи насли наврас вусъат бахшида, дар замири онҳо меҳру муҳаббат нисбат ба Ватани маҳбуб, ҳисси худшиносиро бедор намоянд. Ҳамчунин, аҳли маорифи кишвар дар самти воло нигаҳ доштани мақому мартабаи омӯзгор дар ҷомеа, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омода намудани мутахассисони хуби забондон бояд пайваста талош намуда, дар пешрафти соҳаи афзалиятнок саҳми назарраси худро гузоранд.
Сафари кории вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро дар ноҳияи Нуробод идома дорад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон