БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТЕХНИКИИ ТОШКЕНТ БА НОМИ ИСЛОМ КАРИМОВ

22-09-2023
22 сентябри соли 2023 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар шаҳри Тошкент аз Донишгоҳи давлатии техникии Тошкент ба номи Ислом Каримов дидан карда, бо ректори донишгоҳи мазкур Турабаджанов Садритдин Махаматдинович мулоқот намуд. Дар доираи боздид вазири маориф ва илм аз лаборатори ва парки технологии донишгоҳи мазкур дидан карда, бо дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ шинос шуд.
Дар мулоқот масъалаҳои тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни муассисаҳои таҳсилоти олии кабии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раҳим Саидзода қайд намуд, ки вохӯрии имруза боиси вусъат пайдо кардани муносибатҳои дуҷониба дар самти илму маориф байни кишварҳои дӯсту бародар мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар мулоқоти мазкур вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини вазири маориф ва илм Дилшод Сафарзода ва сармутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалии вазорат Омина Абдураҳмонзода ҳамроҳӣ намуданд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон