БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

06-02-2022
Субҳи 6-уми феврали соли ҷорӣ дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода дар якҷоягӣ бо муовини вазири маориф ва илм нуралӣ Собирзода, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, сардорони раёсату шуъбаи дастгоҳи марказии вазорат, раёсати маорифи вилоят ва шуъбаи маорифи шаҳр аз муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан дидан намуданд.
Нахуст, вазири маориф ва илм М.Имомзода аз ҷараёни корҳои сохтмонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Сӯфиориф, ки бо дастгирии вазорат аз ҷониби Фонди Саудии Рушд бунёд шуда истодааст, боздид ба амал оварда, барои ҳарчӣ зудтар бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ба масъулин супоришҳои дахлдор дод.
Дар идомаи сафар, инчунин, ба Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан ташриф оварда, рафти корҳои сохтмонии бинои нави таълимии муассисаи мазкурро аз назар гузаронид. 
Зимни боздид аз муассиса таъкид гардид, ки бинои мазкур бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазорати маориф ва илм бунёд шуда истодааст.
Дар ҷараёни сафар вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Литсейи №1-и шаҳрИ Истаравшан ташриф оварда, бо ҳайати омузгорон мулоқоти корӣ анҷом доданд. Зимни суҳбат вазири маориф ва илм ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои гуногун, таъминоти хонандагон бо китобҳои дарсӣ, вазъи зимистонгузаронии муассиса ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи таълиму тарбия таваҷҷуҳ намуд.