БОЗИҲОИ ЗЕҲНӢ: ОЛИМПИАДАҲОИ "SPELLING BEE" ВА "ШОҲМОТ" БЕҲТАРИНҲОРО БА ҲАМ ОВАРД

04-05-2024
 Имрӯз дар Литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодии шаҳри Душанбе  120 нафар мактаббачагон аз манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ барои ширкат дар марҳилаи ҷумҳуриявии Олимпиадаи “SPELLING BEE” ва Олимпиада оид ба “ШОҲМОТ” ҷамъ омаданд. Ин чорабинӣ ба ҷашни воқеии донишомӯзӣ ва рақобати зеҳнии истеъдодҳои наврас дар Тоҷикистон табдил ёфт.
 Дар маросими ифтитоҳи он муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулзода Зиёдулло Назар, роҳбарияти Маркази ҷумҳуриявии ҷустуҷӯ ва рушди истеъдодҳо, инчунин намояндагони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. 
 Марҳилаи ҷумҳуриявии Олимпиадаи “SPELLING BEE” ва Олимпиада оид ба “ШОҲМОТ” на танҳо имтиҳони дониш, балки имконияти васеъ намудани ҷаҳонбинии иштироккунандагон мегардад. Ба олимпиадаи «SPELLING BEE» таваҷҷуҳи хоса дода мешавад, ки барои ғанӣ гардонидани захираи луғат ва омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад.
 Имсол дар марҳилаи ҷумҳуриявии Олимпиадаи “SPELLING BEE” ва Олимпиада оид ба “ШОҲМОТ” дар ҳар кадом 60 нафарӣ иштирок намуданд. Ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳо на танҳо барои ошкор намудани истеъдодҳои наврас мусоидат мекунад, балки барои дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ муайян намудани нерӯи зеҳнии онҳо шароити мусоид фароҳам меорад.