ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА 26-СОЛАГИИ ҲХДТ

11-12-2020
   11-уми декабри соли ҷорӣ бахшида ба 26-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
   Дар чорабинӣ Латофат Назирӣ-муовини вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат – аъзои ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Ганҷ” ширкат варзиданд.
   Нахуст Латофат Назирӣ ҳозиринро ба муносибати таҷлили 26-умин солгарди ҲХДТ муборакбод гуфта, ҳамзамон табрикномаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳузури аъзои ҳизб ва ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Ганҷ”-и Вазорати маориф ва илм қироат намуд.   
   Мавсуф дар идома иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли 26 соли фаъолияти худ дар фазои сиёсии Тоҷикистон тавонист теъдоди зиёди мардуми кишварро гирди ҳам ҷамъ орад ва дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, созандагию бунёдкорӣ дар ниҳоди онҳо саҳми бориз гузорад. 
  - Ҳизби мазкур ҳамчун як ташкилоти ҷамъиятӣ-сиёсии пешсафу муваффақ аз рӯзи аввали таъсисёбӣ ҳадафи фаъолияти худро бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва таъмини зиндагии шоиста барои мардум унвон карда буд. Имрӯзҳо, бидуни муболиға, метавон гуфт, ки ин ҳизб бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафҳои худ, ки комилан ба манфиати ҷомеаи Тоҷикистон нигаронида шудаанд, даст ёфтааст,-афзуд ӯ.
   Дар идомаи чорабинӣ як қатор сардорон ва кормандони раёсату шуъбаҳои вазорат андеша ва табрикоту таманниёти худро доир ба фаъолияти ҳизб баён намуданд.
   Дар фарҷом Л. Назирӣ  изҳор дошт, ки барои боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии мардум ва рушду нумуи бемайлони Тоҷикистони азиз тамоми аъзои ҳизбро лозим аст, ки дар самти иҷрои вазифаҳои шаҳрвандию касбии хеш содиқ бошанд. Инчунин, кормандони Вазорати маориф ва илм - аъзои ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Ганҷ”-ро низ зарур аст, ки ҷиҳати беҳтар кардани сифати таҳсилот ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа саъйи бештар намоянд.