Чорабинии идона дар МҶМТИ

26-06-2018
“Ваҳдат аст, ки имрӯз моро дар тамоми дунё мешиносанду давлати моро ҳамчун давлати мустақил ва дорои тамаддуни ғанӣ эътироф намудаанд.” – иброз дошт, Шаҳриёр Назаров - раиси иттифоқи касабаи Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илм дар ҳамоиши идона бахшида ба 21-умин солгарди таҷлили Ваҳдати миллӣ, ки дар толори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ рӯзи 26 июни соли равон баргузор гардид. 
Дар ин чорабинии идона мутахассиси шуъбаи таълими марказ Насиба Сафарова, ҳуқуқшиноси марказ Лола Ҳодиева, устодон Сафар Сатторов ва Шералӣ Ашуралиев суханронӣ намуда, аз рӯзҳои сахти ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар шуданд ва бузургиву қиммати ин ҷашни миллиро тавсиф намуданд. Сафар Сатторов дар рафти чорабини қайд намуд, ки барои расидан ба чунин ваҳдату сулҳи сартосарӣ сарсупурдагони миллати тоҷик дар мисоли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро дареғ надошта, талошҳои беназирро анҷом доданд, ки дар натиҷа мо ба ин рӯзҳои ободу озод расидем.
Дар рафти ҳамоиш хонандагон-аъзоёни “Маҳфили сухан” низ ширкат ва суханронӣ намуданд.
Аҳмадшоҳи МАСЪУД-мутахассиси Маркази 
матбуоти Вазорати маориф ва илм