ДАР 2490 МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ УЧАСТКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ТАШКИЛ КАРДА ШУДААСТ

04-02-2020
1-уми феврали соли 2020 дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеи машваратии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии кишвар иштирок намуданд. 
Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ-вазири маориф ва илм зимни сухани ифтитоҳӣ зикр кард, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019, №1380 интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми марти соли 2020 таъйин карда шудааст ва ин чорабинии сиёсӣ дар самти таҳкими раванди қонунгузории кишвар нақши муассир дорад. 
Вазорати маориф ва илм ва зерсохторҳои он чун ҳамеша дар ташкил ва баргузории маъракаҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон саҳми арзанда мегузоранд ва бештари участкаҳои интихоботӣ дар биноҳои муассисаҳои таҳсилоти таълимӣ, ки макони мувофиқ барои ҷалби аҳолӣ ба интихобот мебошанд, ташкил карда мешаванд.
Инчунин, зимни суханронӣ Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода иттилоъ дод, ки айни замон дар заминаи бинои 2424 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, 29 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 17 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар, дар маҷмӯъ 2490 муассисаи таълимӣ участкаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошта, дар онҳо комиссияҳои интихоботӣ, ки ҳайати асосии онҳо аз омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ иборат мебошад, таъсис дода шудаанд.
Дар рафти ҷаласа, инчунин, зикр гардид, ки омодагӣ ба баргузории чорабинии мазкур дар муассисаҳои таълимии дахлдори кишвар идома доранд. Дар аксарияти участкаҳои интихоботӣ ҳуҷраҳои корӣ, хонаҳои модару кӯдак, бунгоҳҳои тиббӣ таъмиру тармим гардида, бо шароитҳо ва маводу лавозимоти зарурӣ таъмин карда шудаанд. 
Ҳамзамон, ба сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии кишвар таъкид гардид, ки бо мақсади дар сатҳи баланд доир кардани чорабинии сиёсии мазкур ҷиҳати сари вақт тайёр кардани биноҳои участкаҳои интихоботӣ ва таъмини онҳо бо маводу лавозимоти зарурӣ чораҳои судманд андешанд.
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илм