ДАР 75 МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ 87696 НАФАР ДОНИШҶӮ ТАҲСИЛ МЕНАМОЯНД

13-04-2020
Иқтибос аз маърӯзаи ҳисоботии вазири маориф ва илм «Доир ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар cемоҳаи аввали соли 2020», ки 10-уми апрели соли 2020 дар ҷаласаи мушовара садо дод.
 
Айни замон дар ҷумҳурӣ 75 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯи 8 равия: омӯзгорӣ, тиббӣ, техникӣ, технологӣ, кишоварзӣ, фарҳанг, ҳуқуқ ва варзиш мутахассисонро омода менамояд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 87696 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки ба онҳо 6391 нафар омӯзгорон таълим медиҳанд.
Ҷиҳати мустаҳкам намудани пояи меъёрии ҳуқуқии ин зинаи таҳсилот дар давраи ҳисоботӣ “Қоидаҳои қабули хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020-2021 ва “Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020-2021” таҳия ва бо қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва тасдиқ гардиданд.
Аз ин рӯ, ба директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ супорида мешавад, ки риояи “Қоидаҳои қабули хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020-2021 ва “Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020-2021”-ро таъмин намуда, тарғибу ташвиқи муассисаҳои таълимиро тариқи воситаҳои ахбори омма, ролику дискҳо, гузаронидани рӯзҳои дарҳои кушод ва вохӯрӣ бо хатмкунандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумиро ба роҳ монда, ҷиҳати ҷалби хатмкунандагон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ шароити мусоидро фароҳам оваранд.
Ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илм моҳҳои январ - феврали соли ҷорӣ беш аз 60 стандарти фаннии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ таҳия, тасдиқ ва дастраси муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ гардиданд.
Инчунин, ҷиҳати ба тартиб даровардани ҳуҷҷатгузорӣ дар бойгонии муассисаҳои таълимӣ “Дастурамали намунавии нигоҳдории ҳуҷҷатҳо дар бойгонии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия ва бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм таҳия, тасдиқ ва дастраси муассисаҳои таълимӣ гардид.
Дар иртибот ба ин, роҳбарони муассисаҳои вазифадор карда шаванд, ки иҷрои талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи маориф, нақшаҳои таълимӣ, талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ва риояи ҳатмии “Дастурамали намунавии нигоҳдории ҳуҷҷатҳо дар бойгонии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро таъмин намуда, барои ба тартиби ягона даровардани бойгониҳои муассисаҳои таълимӣ чораҳои ҳатмӣ ва саривақтӣ андешанд.
Айни замон, дар доираи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №1445 дар бораи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040 омодагиҳо ба олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шурӯъ гардида, охири моҳи апрели соли 2020 аз рӯи 5 фанни илмҳои дақиқ ва фанҳои забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ доир мегардад. Саволнома ва маводҳои санҷишӣ омода гардида, рӯйхати ҳайати комиссияи баҳодиҳӣ тартиб дода шудаанд.
Бо назардошти пайгирии масъалаи мазкур, раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вазифадор карда шаванд, ки ҷиҳати иштирок дар чорабинии мазкур донишҷӯёни фаъолу соҳибистеъдодро сафарбар намоянд.