Дар ДДОТ ба номи С.Айнӣ семинари машваратӣ баргузор гардид

02-12-2019
28-уми ноябри соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ семинари машваратӣ ҷиҳати тақвият бахшидани малакаҳои хониши хонандагони синфҳои 1-4 ва ворид намудани он ба барномаи таълимии тайёр намудани донишҷӯёни равияи омӯзгорӣ баргузор гардид. Семинари мазкур бо ташаббуси  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем» ташкил карда шудааст. 
Дар ифтитоҳи семинар С. Давлатзода-муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ф. Ҳайдаров-сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии вазорат, Алиев Абдуҷабор – ҳамоҳангсози лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем», намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва лоиҳаи мазкур ширкат варзиданд. 
Маркази матбуот