Дар деҳаи Долонаи Ашт мактаб ва бунгоҳи тиббӣ сохта мешавад

18-07-2024
18 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаи Долонаи Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт ба бунёди бинои иловагии мактаби деҳа санги асос гузошт.
Бинои иловагӣ аз 8 синфхона ва 4 утоқи фаннӣ иборат буда, он дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар пайравӣ ба иқдому ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Абдулҳамид Ҷӯраев сохта мешавад. Бо ташаббуси оилаи Ҷӯраевҳо ҳамзамон ба масофаи 7 км хати об кашида шуда, ба мактаб об оварда шудааст.
Раиси вилоят барои амалисозии иқдоми созанда ба соҳибкори маҳаллӣ изҳори сипос намуда, саҳми соҳибкоронро дар ободонии маҳал назаррас арзёбӣ кард. 
Дар деҳаи мазкур аз ҷониби соҳибкор Абдулҳамид Ҷӯраев ҳамзамон бинои нави бунгоҳи тиббӣ сохта шуда, сохтмони он дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Бино аз ду ошёна иборат буда, дар он барои кормандони соҳаи тиб шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Зимни боздид роҳбари вилоят ба масъулини Раёсати тандурустии вилоят дастур дод, ки барои муҷаҳҳазсозии иншооти соҳаи тандурустӣ лавозимоти зарурӣ дастрас карда шавад.
Сипас, дар ҳамин деҳа Раиси вилоят аз ҳоли ду нафар собиқадори меҳнат хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд