Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд

06-06-2024
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Дар оғози ҳамоиш ректори донишгоҳ Жило Гулназарзода изҳор намуд, ки ҳадафи вохӯрии Пешвои миллат бо аҳли илм ва маориф- ин баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон аз вазъи кунунии ҷаҳони муосир, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки насли наврасро бояд дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватанпарастӣ ва эҳтироми забони модарӣ тарбия намоем.
Ҳамзамон оид ба бахшҳои гуногуни суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат ибрози назар намуда, дар бораи дастовардҳои соҳаҳои илму маориф дар замони соҳибистиқлолӣ, вазифаю масъулияти олимон дар ҷомеа ва тарбияи муҳаққиқони ҷавон сухан гуфта шуд.
Дар поёни ҳамоиш байни иштирокчиён ва ҳозирин мубодилаи афкор доир шуда, иброз гардид, ки ҳар сухани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамо баҳри фардои дурахшони миллат аст.

АМИТ «Ховар»