Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ мактаби тобистона ба кори худ оғоз намуд

25-07-2024
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев вобаста ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об ва ҳифзи пиряхҳо мактаби тобистона таҳти унвони «Коҳиши хатари офатҳои табиӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва идоракунии ҳамгирошудаи ҳавзаи об дар манзараҳои ҳайратенгези Бадахшон» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.
Дар мактаби тобистона донишҷӯён аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ, Донишгоҳи давлати Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, мутахассисон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии обуҳавошиносӣ ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд.
Зимни ифтитоҳ ректори доншгоҳ Амид Комилбек доир ба аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳифзи пиряхҳо, таъғирёбии иқлим, роҳҳо ва усулҳои бартараф намудани мушкилот дар ин самт ибрози андеша намуд.
Таъкид гардид, ки сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ба ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо ҳамчун манбаъҳои стратегии захираҳои об барои манфиатҳои аҳолӣ, соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини тавозуни устувори экологӣ, нигоҳдории макони зисти намудҳои нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи олами наботот ва ҳайвонот равона шудааст.