Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд

20-06-2024
20 июн дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба 27-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ — пояи сулҳ» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба рӯзномаи «Анвори дониш»-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб.
Дар конференсия изҳор гардид, ки «Ваҳдати миллӣ барои ҳар як тоҷики ватандӯст ва бонангу номус муқаддастарин ҷашн ба ҳисоб меравад, зеро ин иди сулҳу оромӣ, осудагию ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ аст».
Дар ҳамоиш ҳамчунин гуфта шуд, ки дастоварди бузургтарини мо дар ин давра барқарор намудаи сулҳи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар байни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз бо шарофати хиради азалии мардуми тоҷик муяссар шуд.
Дар ҷамъомад дар мавзуъҳои «Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва таъмини Ваҳдати миллӣ», «Пешвои ваҳдатгаро ва арзиши Ваҳдати миллӣ», «Ваҳдати миллӣ — мактаби бузурги ватандорӣ» маърӯза пешниҳод гардид.
Таъкид шуд, ки Ваҳдати миллӣ самараи талошҳои хурду бузурги Ватани маҳбубамон мебошад ва ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳдорӣ намоем.

АМИТ «Ховар»