Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба раванди таълим дар синфҳои ибтидоӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

06-06-2024
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи «Муносибати босалоҳият — асоси арзёбии раванди таълим дар синфҳои ибтидоӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ хабар доданд.
Иштирокчиён зимни маърузаҳо таъкид намуданд, ки дар шароити кунунии Тоҷикистон вобаста ба дастрасии воситаҳои иттилоотӣ (интернет, телевизион ва ғайра) танҳо бо дониш мусаллаҳ намудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кифоя набуда, дар амал истифода бурдани донишу малакаҳо муҳимтарин роҳи ба натиҷаҳои дилхоҳ расидан аст. Имрӯз вазифаи маорифи муосир аз он иборат аст, ки насли наврасро барои зиндагӣ дар олами нав омода намояд. Воқеият ин аст, ки донишҳои имрӯз омӯхта фардо бояд ба насли наврас хизмати шоиста карда тавонанд.
Таъкид карда шуд, ки барои ташаккул додани дониш, маҳорат ва малакаи муайян яке аз роҳҳои муфид- ин ҷорӣ намудани муносибати босалоҳият ба таълим мебошад. Худи мафҳуми «салоҳиятнокӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, олимон ба моҳияти он хусусияти гуногуни арзишию маъноиро нисбат медиҳанд. Гуфта мешавад, ки салоҳиятнокӣ- ин низоми дониши амалкунанда мебошад, ки фаъолияти амалӣ ва бошуури таълимро инъикос менамояд.
Кори конференсия дар ду бахш: «Саҳми Пешвои миллат дар такмили муносибати босалоҳият дар таълими синфҳои ибтидоӣ» ва «Аҳаммият ва нақши омӯзгор дар муносибати босалоҳият ба таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» бо баррасии мақолаҳои илмии олимону донишмандон баргузор гардид.

АМИТ «Ховар»