Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо намояндагони Пажуҳишгоҳи кореягии тадқиқоти роҳи оҳан вохӯрӣ доир гардид

30-06-2024
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ вохӯрии роҳбарияти донишгоҳ бо намояндагони ширкати кореягии «Yooshin» ва Пажуҳишгоҳи кореягии тадқиқоти роҳи оҳан ҷиҳати асосноккунии техникӣ — иқтисодии лоиҳаи иншооти «Сохтмони роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ — Панҷи Поён» баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба омода намудани муҳандисони самти роҳсозӣ дар ҷумҳурӣ, барномаҳои таълимии сохтмони роҳҳо дар донишгоҳ, баҳисобгирии тағйирёбии иқлим ҳангоми лоиҳакашии роҳ, кам намудани ҳаҷми газҳои ихроҷшаванда ба атмосфера ҳангоми роҳсозӣ, стандартҳои сохтмону таҷдиди роҳҳо, маводҳои сохтмонӣ, такмили дараҷаи касбии устодон, табодули академии омӯзгорон ва донишҷуён ва амсоли инҳо ба таври муфассал мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо баргузор намудани машварати омӯзиширо барои омӯзгорону донишҷӯён вобаста ба мавзуъҳои дахлдори самти роҳи оҳан бо ҷалби мутахассисони байналмилалӣ ва таҷрибаи пешқадам дар рӯзҳои наздик қобили мақсад шуморида, барои мулоқоти судманд ва пешниҳоди мушаххас изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Мавриди тазаккур аст, ки хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар рушду ободонии ҷумҳурӣ дар самти сохтмони роҳҳои ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ нақши сазовор гузошта, барои ба ҷумҳурии транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи ҷаҳониро пайваста роҳандозӣ менамоянд.