Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон намоиши «Энергетика дар давраи гузариш-равонбахши фардо» баргузор мешавад

26-02-2024
ДУШАНБЕ, 26.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 28 феврал то 20 март маротибаи аввал дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Тоҷикистон намоиши «Энергетика дар давраи гузариш-равонбахши фардо» гузаронида мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон хабар доданд, намоиш бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳ ба масъалаи гузариши энергетикии глобалӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ ташкил шуда, дар он мавзуъҳо вобаста ба бахшҳои энергетика дар раванди гузариш тавассути технологияҳои иттилоотӣ, энергияи тавлидшаванда, самаранокии энергетикӣ (бахши сохтмон, саноат, нақлиёт) ва рушди устувор пешниҳод мегарданд.
Давоми солҳои 2022-2023 чунин намоиш дар Миср, Аморати Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн, Уммон ва Тунис баргузор шудааст.
Хоҳишмандон метавонанд намоишгоҳро рӯзҳои аз душанбе то ҷумъа аз соати 8:00 то 17:00 ва рӯзи шанбе аз соати 8:00 то соати 14:00 тамошо намоянд.
Тамошои намоишгоҳ ройгон буда, сабти пешакӣ талаб намешавад. Барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ маводи иловагӣ дастрас мешавад.