Дар Душанбе Конференсияи VIII илмӣ-амалии Мактаби тобистонаи байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиббӣ баргузор гардид

17-07-2018
Имрӯз бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Экология, сайёҳӣ ва саломатӣ» бо иштироки намояндагони беш аз 6 кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Конференсияи VIII илмӣ-амалии Мактаби тобистонаи байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино баргузор гардид.
Конференсияи имрӯза бори дигар ҳадафи Мактаби тобистонаи байналмилалии Донишгоҳро, ки ҳадафи он ҷалби донишҷӯён ба илмомӯзӣ ва пайванди назария бо амалия аст, бо баррасии ҳолати туризми экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдории донишгоҳ аз ин иқдоми Ҳукумати мамлакат исбот намуд.
Дар Конференсияи байналмилалӣ беш аз 60 нафар меҳмонону намояндагони Донишгоҳи давлатии Томбов (Россия), Академияи давлатии тиббии Ижевск (ш.Ижевск, Удмуртия), Донишгоҳи давлатии тибби Қарағанда (Қазоқистон), Донишгоҳи байналмилалии Вестминстерский дар Тошканд (Ӯзбекистон), Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро ба номи Абӯалӣ ибни Сино (Ӯзбекистон), Донишгоҳи қирғизу славянии ба номи Б.Н. Елтсин (Бишкек, Қирғизистон), Донишгоҳи давлатии тиббии Ӯш (Қирғизистон), Донишгоҳи давлатии тиббии Воронеж ба номи Н.Н.Бурденко (Россия) ва Донишгоҳи давлатии тиббии Луганск (Украина) ширкат намуданд.