ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРӢ 69311 АДАД КОМПЮТЕР, 11226 АДАД ПРИНТЕР, 2578 АДАД ТАХТАИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА 3454 АДАД ВИДЕОПРОЕКТОР МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОРАНД

13-04-2020
Иқтибос аз маърӯзаи ҳисоботии вазири маориф ва илм «Доир ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар cемоҳаи аввали соли 2020», ки 10-уми апрели соли 2020 дар ҷаласаи мушовара садо дод.
 
Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» зери назорати доимии Вазорати маориф ва илм қарор дошта, тибқи талаботи нақшаи Барномаи мазкур муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бояд дар 5 сол 52017 адад компютер харидорӣ намоянд.
Тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 15.03.2020 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 69311 адад компютер, 11226 адад принтер, 2578 адад тахтаи электронӣ ва 3454 адад видеопроектор мавриди истифода қарор доранд.
Мувофиқи нақшаи барнома барои соли 2020 харидории 10396 адад компютер ва 653 адад тахтаи электронӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар 3 моҳи соли 2020, 1030 адад компютер харидорӣ гардидааст, ки 10% ва 99 адад тахтаи электронӣ харидорӣ гардидааст, ки 15%-и иҷрои барномаро ташкил медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки 2551 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ба шабакаи Интернет пайваст карда шудаанд, ки қисми зиёди онҳо ба воситаи WiFi - модем буда, 524 адад кабинети технологияи иттилоотӣ шабакаи дохилӣ (локалӣ) доранд.
«Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия» дар се моҳаи соли 2020 барои баланд бардоштани тафаккури техникии омӯзгорон ва мутахассисон якқтор чорабиниҳоро гузаронид.
Ҳамзамон, Марказ ҷиҳати дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани таҷҳизоти технологияҳои иттилоотию-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ 1219 компютер ва 29 принтерро таъмир намуда, 74 адад тахтаҳои электронӣ ва проекторҳоро бо барномаҳои махсус насб ва ба ҳолати корӣ барқарор намуд. Айни замон тамоми муассисаҳои таълимӣ бо барнома ва китобҳои дарсии электронӣ бо забони давлатӣ таъмин мебошанд.
Марказ баҳри татбиқи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ- коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 як қатор маводҳои видеоии таълимию методиро низ омода намуд.
Дар робита ба ин, Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия ва Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар ҳамкорӣ барои иҷрои талаботҳои «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» тадбирандешӣ намояд.