Дар шаҳри Бохтар ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани корҳои илмиву таҳқиқотӣ ҷаласа доир шуд

23-06-2024
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди мамлакат ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст. Ин матлабро 22 июн муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мумин Шарифзода зимни баргузории ҷаласаи корӣ, ки дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав доир шуд, баён намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дад донишкадаи мазкур иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи Мумин Шарифзода, ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ кам ҷалб гардидани ҷавонони лаёқатманду забондон, рушд накардани мактабҳои илмии олимони собиқадор ва ҳавасмандии нокифояи аспирантҳову докторантҳо, хусусан, дар самти илмҳои табиӣ ва риёзӣ аз ҷумлаи мушкилоти асосии омода кардани кадрҳои илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ мебошад.
Ҳамчунин дар ҷаласа сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Ниёзӣ иброз дошт, ки вазъи имрӯзаи илми мамлакат тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд.
Дар ҷамъбаст профессорон аз донишгоҳҳои минтақаи Хатлон аз иқдоми пешгирифтаи давлату Ҳукумат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҳамешагии омӯзгорону олимон изҳори сипос карданд.

АМИТ «Ховар»