Дар шаҳри Истаравшан бинои таълимии ба номи Садриддин Айнӣ навсозӣ мегардад

16-07-2024
Дар шаҳри Истаравшан ҷиҳати муҳайё намудани шароити муосири таълиму тарбия навсозии бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 ба номи Садриддин Айнӣ оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар медиҳад.
Биноҳои таълимии ин муассиса ҳанӯз солҳои 40-уми асри гузашта бунёд шуда, дар ҳолати фарсудаю садамавӣ қарор дошт. Бинобар ин, дар асоси муроҷиати собиқадорони шаҳр ва ҳайати омӯзгорону падару модарони хонандагони муассисаи таълимии мазкур, лоиҳаи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 таҳия гардид, ки он аз чор ошёна иборат буда, ғунҷоиши 1200 ҷойи нишаст дар як бастро дорад.
Сохтмони бинои нави муассисаи таълимии №4 бо тамоми шароиташ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ карда мешавад.
Мавриди тазаккур аст, ки аз ҳисоби масолеҳи сохтмонии биноҳои азбайнрафтаи ин муассиса дар деҳаҳои Ругунди деҳоти «Сабристон» ва Зартеппаи деҳоти «Ниҷонӣ» бо ҳашари дастаҷамъонаи сокинон биноҳои нави таълимӣ низ сохта мешаванд.